Бисёре аз амалкардҳоро дар ниҳодҳои интизомии кишвар метавон ҷаллодона тафсир кард, дар ин маврид далелҳои зиёди раднашавандае ҳам аз тариқи ВАО пахш шуданду исботи худро ҳам пайдо карданд, ҳатто ВКД чанд корманди худро ба маҳкама кашиду иддаи дигареро аз вазифаҳои хеш канор бурд.
ВКД агар ин корро кард, аммо дар мавриди ҷой доштани шиканҷа ҳамчун усули пурсиш дар зерниҳодҳои хеш тавони иқрор карданро надорад.
Бубинед, яке аз чеҳраҳои саршиносу соҳибэҳтиром ва дифоъкунандаи ҳуқуқи маҳкумшудагони маҷбурӣ, хонум Файзинисо Воҳидова дар заминаи таҷрибаи хеш тавассути ВАО борҳо эълон медорад, ки амалкарди шиканҷаомези мақомоти умури дохила дар ҳама мавридҳои боздошт ҷой доранд.
Вале ин гуна ҳарфҳоро мақомдорони ВКД ҷиддӣ намегиранду ислоҳе дар умури масъулиятшиносии тобеъони онҳо эҳсос намешавад, агарчи таҷрибаи зери даст гирифтани баъзе аз қазияҳоро аз сӯи вазир Р. Раҳимов шоҳид гаштаем. Аммо боз ҳам оқибати кор ҳамонест, ки айбдор танҳо шаҳрванд боқӣ мемонад, на афсар, ҳатто пулиси қаторие ҳам.
Тӯли ин чанд соли ахир дар шаҳри Исфара, бахусус деҳоти Чоркӯҳ сару садоҳое дар бораи амалҳои бадкирдорона ва ғаразомези кормандони ВКД нисбат ба мардум зиёд шуда истодаанд. Онҳо деҳоти Чоркӯҳро ба як минтақаи баста тафсир карда, маълумотҳои беасосу таҳқиромезеро нисбати бошандагони ин диёр ба боло мефиристанд, ки гӯё бошандагони Чоркӯҳ аъзои ину он ташкилотҳои ифротиву террористианд.
Феълан чанд нафареро боздошт карданд, яке аз онҳоро бо айби «итоъат накардан ба амри пулис», вале ӯ маҷбуран ё тарзи дигаре худро аз ошёнаи саввум ба поён партофтааст ва дигарҳо алайҳаш баёноти гунаҳкор буданашро додаанд, ки фикр мекунам, дар ҳарду маврид ҳам эҳтимоли амали маҷбурӣ ҷой дорад.
ВКД рӯзи 3 ноябр дар сомонаи хеш хабар додааст, ки «вобаста ба ҳолати мазкур нисбати кормандони масъули ШКД 1и шаҳри Исфара, аз тарафи вазир Р.Раҳимов санҷиши хизматӣ таъин карда шуд».
Ҳуқуқшинос Воҳидова дар ин маврид ошкортар гуфтааст, Р. Раҳимов барои таҳқиқи қазия як муовинашро ба Исфара фиристодааст. Аммо мақомот боз ҳам эъзоми мақоми муовинатеро аз сӯи ВКД ба манзури ҳалли қазияи Умедҷон Тоҷиев, нафари аз ошёнаи саввум ба поин афтидаро иқрор нестанд.
Масъала ин аст, ки У. Тоҷиевро рӯзи 30.11.13 дар ибтидо бо айби маъмурӣ ба 10 рӯзи ҳабс маҳкум карданд, вале наздикон баъди 3 рӯз ӯро дар ҳолати беҳушӣ дар бемористони Исфара пайдо карданд. Гӯё ӯ бо мақсади фирор худро аз ошёнаи саввуми ШКД партофтааст.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки агар ӯ ҳукм гирифта бошад, чаро пулис одами маҳбусро ба ошёнаи савум барои пурсиш баровард?
Печонидани қазияҳое ба монанди «байъат»у «ансоруллоҳ» дар нисбати аъзои Наҳзат ба чӣ хотир аст, он ҳам дар Чоркӯҳ? Дар ҳоле ки бегуноҳии Умедҷон Тоҷиевро чанд соле пеш прокуратураи ноҳия иқрор карда буд.
Оё ҷурми чоркӯҳиён дар маҳбуби хеш донистани Наҳзат аст ва бояд пайваста онҳоро мавриди шиканҷаву истисмор қарор дод, то тарсу ҳарос асли зиндагии онҳо ҳам қарор бигирад? Наход дар афкори сокинони ин диёр танҳо таъсис додани «ташкилотҳои ҷиноӣ» бошад?
Оё дар амалкарди пулиси Исфара қасосгирӣ эҳсос намешавад?
Ҳоло наздикони У. Тоҷиев фарзияи «таъсисдиҳандаи ташкилоти ҷиноӣ» буданашро комилан бовар надоранд ва ба аёдати Умедҷон иҷоза надодани хешро аз сӯи мақомот далели фош шудани гуноҳи пулис медонанд.
Бо умеди расидани ҳақ ба ҳақдор.
Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода