Касе намепурсад, ки бо 300 сомонӣ маош мошинҳои хориҷиву қасрҳои бошукӯҳ аз куҷост? Аммо дар миёни мардуми мо одат аст, ки агар як камбағал соҳиби мол ё каме пулдор шуду ободӣ кард, зуд шубҳа мекунанд ва эҳтимоли ба ин ё он тиҷорати ғайриқонунӣ даст доштанашро ҳадс мезананд. Бахусус, агар шахсе якбора пулдор шавад, атрофи даромади «ғайриқонунӣ» ё пули «бедардимиён»-и ӯ ҳангомаҳои зиёде пайдо мешаванд. Далели аслӣ ва нахустин дар мавриди даромади «бедардимиён» ин тиҷорати ҳероин ё нашъаҷаллобӣ аст.
Сипас кунҷковӣ оғоз мегардад, ки фалонӣ подабон буду 100 сомонӣ дар як моҳ маош мегирифт ё ронандаи мусофиркаш буду пулаш ба таъмири мошинаш сарф мешуд, пас, ин қадар пулро аз куҷо ёфта хонаи сеошёна сохт ё соҳиби чанд мошини хориҷиву «Камаз»-у «Дулан»-и 50 ҳазордолларӣ гардид? Ё нафари дигар тоҷир буду мисли ӯ даҳҳо савдогарон миёнаҳол зиндагӣ мекунанд, аммо ӯ бо вуҷуди навакак ба тиҷорат сару кор гирифтан ба ин зудӣ аз куҷо 100 ҳазор доллар ёфта хонаву мошин харид ва боз дар Душанбеву Хуҷанд бинои 5 ошёнаро хусусӣ кард? Ё ин ки милисае бо маоши 300-400 сомонӣ аз куҷо маблағ ёфта, хонаи боҳашамат бунёд карду соҳиби «Мерседес» ё «Лексус» гашт?
Саволе ба миён меояд, ки ин одат танҳо хоси мардуми тоҷик аст ё дар миёни дигар миллатҳо низ чунин кунҷковиҳо вуҷуд доранд? Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ин одат танҳо хоси мардуми мо нест, балки дар аксари кишварҳо, бахусус агар сохти демократӣ дар он мамолик қабул шуда бошад, чунин кунҷковиҳо аз ҷониби мардум нисбати амалдорону мансабдорон ва дигар афроди маъруф зиёд ба назар мерасад. Масалан, тибқи маълумоти манобеи муътамад, шаҳрвандони ИМА дар мавриди даромади мансабдорони калидӣ ва асосии иёлоту кишвари худ донистан мехоҳанд. Ҳатто ба кӯчактарин ҳаракоту ошнобозии амалдорон таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд ва иллати дӯстии миёни амалдору соҳибкор ё вакилу мансабдорро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.
Аз вакилу афсар то ронандаву носфурӯш ҳама дар як дег меҷӯшанд
Ҳашт ноҳияи ҷанубии Тоҷикистон ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон аст. Пулиси Хатлон мегӯяд, ки бархе аз рустоиён дар манотиқи марзӣ, ки бо қочоқбарони афғон дар қочоқи маводи мухаддир ҳамдаст будаанд, боздошт ва барои солҳои мухталиф ба зиндон маҳкум шудаанд. Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар соли 2013 аз вилояти Хатлон 264 нафар ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки 103 нафари онҳоро ҷавонони зери синни 29 ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 64 нафар аз сокинони ин вилоят дар шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Русия барои интиқоли ин мавод боздошт шудаанд.
Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи мақомоти вилояти Хатлон, дар соли гузашта дар шаҳру навоҳии вилоят 23 нафар аз шаҳрвандони Афғонистон ба иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, ки дар бештари авқот ҷавонони хатлонӣ ба далели надоштани шуғл ва маъоши муносиб ва бар асари фақру нодорӣ водор мешаванд, ки даст ба ин ҷурм зананд. Бар асоси иттилоъи ин ниҳод, бештари онҳое, ки дар вилояти Хатлон даст ба қочоқи ин мавод мезананд, аз манотиқи марзии минтақаи Кӯлоб ҳастанд.
Замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, шаҳрвандон ба таври оммавӣ ба кишту кори кӯкнор шурӯъ карда буданд ва он вақт Тоҷикистонро аз Афғонистон фарқ кардан душвор буд. Зеро дар ин ду кишвар мардум аз ночорӣ ба ин амал даст мезаданд. Вале баъди сулҳ вазъ то андозае тағйир ёфт ва мардум рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд ва иддае ба тиҷорат машғул шуданд. Аммо имрӯз бо гузашти солҳо чунин ба назар мерасад, ки теъдоди шаҳрвандони тоҷикистоние, ки ба тиҷорати нашъаву ҳероин сару кор мегиранд, дар ҳоли афзоиш аст.
Дар Русия ва хориҷ аз кишвар тоҷиконро нашъаҷаллоб муаррифӣ мекунанд, ки ин агар аз як ҷониб нанговар бошад, аз сӯи дигар то андозае ҳақиқат дорад. Дар дохили кишвар бошад, тақрибан ҳар рӯз як хабаре дар бораи боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир ва ошкор кардани ин ё он гурӯҳи нашъаҷаллоб нашр мешавад гӯем ҳам, хато намекунем.
Ба таври мисол, аз рӯйи маълумоти Агентии мубориза алайҳи нашъаҷаллобӣ, дар соли 2013 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон 936 ҷинояти вобаста ба муомилаи ғайриқонунии маводи нашъаовар ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар зиёда аз 6 686 килову 534 грам мусодира гардидааст, ки ин назар ба соли 2012 ум 11,8% зиёд мебошад. Соли 2010 миқдори маводи нашъаовари мусодирашуда 3 902 кг-ро ташкил дода, ки ин назар ба соли 2013 ум 71,3% кам аст. Ин омор нишон медиҳад, ки гардиши маводи мухаддир сол то сол ба ҷойи кам шудан рӯ ба афзоиш аст.
Дар рафти амалиёти “Кӯкнор-2013”, ки аз 20 май то 30 ноябри соли 2013 идома доштааст, аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 тоннаву 580 килову 159 грам маводи мухталифи нашъаовар мусодира гардидааст. Яъне ҳар сол нисбат ба соли дигар ҳаҷми интиқол ҳам меафзояд ва шумораи интиқолдиҳандаҳо ҳам. Ба ин тиҷорати ғайриқонунӣ бошад, шурӯъ аз вакилу афсарони баландрутбаи амниятӣ то милисаҳои оддӣ ва дигар мансабдорон даст мезананд. Тибқи иттилои расонаҳо, соли 2012 вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод Баҳриддин Хоҷаев бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир дар қаламрави Русия боздошт шудааст. Қаблан Агентии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як афсари аршади Хадамоти марзбонии КДАМ-и Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ҳабс карда буд. Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз на танҳо дар шаҳру навоҳӣ, балки дар деҳоти дурдасти кишвар ҳам нафарҳоеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба чунин тиҷорат даст дошта бошанд.
Иллати аслии муттаҳам кардани соҳибкорон, амалдорон, вазирону кабирон ва афроди алоҳида дар Тоҷикистон ба амалҳои ғайриқонунӣ ё тиҷорати ҳероину ришваситонӣ чизи дигар аст. Зеро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои Аврупо ва Амрико мансабдорон, шурӯъ аз роҳбарон то кормандони оддӣ дар блогҳои интернетии худ маблағ ва сарчашмаи даромади хешро нашр мекунанд ё ин ки агар блог надоранд, барои шаҳрвандон шаффофияти фаъолияти худро ошкор мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ин кор ғайримумкин аст. Аксари вазирону кабирон ва раисон сарчашмаи даромади худро пинҳон медоранд ё агар қасру хона ва корхона месозанд, онро бо номи дигар кас ба қайд мегиранд. Пас, чӣ ҳоҷат аст сухан кардан аз сарчашмаи даромади «наҳангчаҳо», ки шояд дар сурати тоҷир, ронандаи мусофиркашу боркаш, раису подабон ва ғайра ба нашъаҷаллобӣ, одамфурӯшӣ, рейдерӣ ва дигар тиҷоратҳои пинҳонӣ сару кор мегиранд?
Корхонаи бидуни тағобачаву писари хола
Барои пешгирии ин амалҳои ғайриқонунӣ ниҳодҳои зиёде таъсис ёфтаву амал мекунанд ва ба ҷомеа ҳисобот медиҳанд, ки корҳоеро анҷом дода истодаанд. Аз ҷумла, Агентии мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, Агентии мубориза алайҳи коррупсия ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки махсус дар ин самтҳо кор мебаранд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳар қадар шумораи ин ниҳодҳо зиёд шавад, ҳамон қадар фасоду корҳои ғайриқонунӣ афзоиш меёбад. Ин аз як тараф натиҷаи корро нишон медиҳад, аммо аз ҷониби дигар эҳтимоли сӯистифода аз мансаб ба афзоиши ҳодисаҳои коррупсионӣ сабаб мегардад. Зеро то он замоне ки Агентии зидди фасод таъсис наёфта буд, дар бораи фасодкории амалдорон кам касон медонистанд. Аммо минбаъд на танҳо амалдорон аз фасод даст накашиданд, балки шаҳрвандони оддӣ ҳам усулҳои «осон»-и ҳал кардани проблемаи худро кашф карданд ва дар ин самт фаъол шуданд.
Иззат Амон, коришонси тоҷики муқими Русия дар як суҳбат гуфт, ки дар асл ҳукумат барои мубориза бо фасод ва нашъаҷаллобӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Вале мушкил дар он аст, ки дар ҳамон ниҳодҳое, ки ҳукумат барои мубориза бар зидди фасод ва нашъаҷаллобӣ таъсис медиҳад, афроди тасодуфӣ курсиҳоро ишғол мекунанду худашон ба фасодкорӣ даст мезананд. «Ҳамчуноне ки шоҳид будем, дар соли 2012 мурофиаи судии “муборизон бо нашъаҷаллобӣ” шуда гузашт. Аз ин рӯ, мо бояд дунболи сабабҳои ба ин кор даст задани масъулини мубориза бо фасод бошем. Ба гумонам, қабл аз ҳама маоши пасти ҳамон масъулин мебошад, ки маҷбур мешаванд, барои зиндагии беҳтаре даст ба қонуншиканӣ зананд. Зеро ҳама мехоҳад, ки хонаву дари обод ва зиндагии хуб дошта бошанд. Вале ин корро бо маоши 1800 сомонӣ анҷом додан аслан имкон надорад. Масъулини мубориза бо фасод дақиқан ҳамин миқдор маош мегиранд ва баъзеҳо аз ин ҳам камтар. Яъне пешниҳоди ман ин аст, ки барои мубориза бо фасод қабл аз ҳама маоши масъулинро бояд бардошт ва баъдан, афродеро ба кор гирифт, ки ба миллату кишвар содиқ бошанд, на тағобачаю писари холаву дигару дигар.
Зани вазир аз куҷо пулдор шуд?
Бо вуҷуди ин боз ҳам аз худситоии роҳбарони ниҳодҳои марбут ба ин амалҳо дар тааҷҷубам. Зеро як шахси бемаълумот ҳам медонад, ки мошинҳои хориҷии баъзе мансабдорон аз кадом ҳисоб харида ва қасру кӯшкҳои боҳашамати иддае аз амалдорону соҳибкорон бо чӣ роҳ бунёд мешаванд.
Ҷомеъа инро ҳам хуб медонад, ки бо 300 сомонӣ, бигзор, бо 2000 сомонӣ моҳона ҳам харидани мошини 100 ҳазордолларӣ ғайриимкон аст. Аммо мақомот гӯё ин ҳама ҳолатҳоро нодида мегиранд ва шояд гумон доранд, ки бо ҳисоботи қолабии худ аҳли ҷомеаро фанд дода метавонанд. Ҳатто ҳамон шахси бемаълумот ё чӯпон ҳам дар инчунин ниҳодҳо ба кор ояд, ба худ савол мекунад, ки ин ҳама даромад аз кадом ҳисоб бошад? Агар тиҷорати ҳероин, нашъа, одамфурӯшӣ ё ришваситонӣ набошад, бо 1000 сомонӣ оё имкони сарфа кардани 100 ҳазор доллар дар як-ду сол вуҷуд дорад? Касе намепурсад, ки маош ё даромади он афроде, ки хароҷоти зиёдро барои худ иҷозат медиҳанд, чӣ қадар ё аз кадом ҳисоб аст? Оё ягон ниҳоде ҳаст, ки сарчашмаи даромади амалдорону мансабдорон ва вазиру кабирро муайян кунад? Ҳатто метавон сарчашмаи даромади он корхонаеро ҳисоб кард, ки на бо номи вазир, балки ба номи писар ё зану авлоди вазир ба қайд гирифта шуда бошад. Кофӣ аст, танҳо сарчашмаи даромади зани вазир ё писари вазирро санҷид, ки аз куҷо ин қадар маблағ ёфта, корхона сохт?
Лекин Иззат Амон бар ин бовар аст, ки масъулине, ки хонаҳои баландошёна доранду ба мошинҳои 100 000-долларӣ савор мешаванд, на танхо даромадашон тафтиш намешавад, балки онҳо дар хонасозию мошини гаронбаҳо харидан байни ҳам мусобиқа низ мекардаанд. Вай дар бораи ин ки чаро даромади инҳо тафтиш намешавад, гуфт, «ба ин суол ҳам ҷавоб додан хеле осон аст. Зеро онҳо хешу табори якдигаранд. Бинобар ин пешниҳоди ман ба ҳукумати ҷумҳурӣ ин аст, ки қабл аз ҳама решаи маҳалгароӣ ва хешу таборбозиро бояд аз миён бурд».
Ба бовари коршиносон, сабаби аслии даст ба тиҷорати ғайриқонунӣ задани шаҳрвандон ба сиёсати иқтисодӣ ва озодиҳои шаҳрвандон рабт мегирад. Зеро агар барои тиҷорати қонунии шаҳрвандон дар дохили кишвар шароит фароҳам набошад, аксари аҳолӣ ё баромада мераванд ё ба корҳои пинҳонӣ машғул мешаванд, чун дар шароити Тоҷикистон бисёре аз шахсони пулдор аз ошкор шудани сармояашон ҳарос доранд ва ин ҳам сабабҳои худро дорад.
Умед Бобохонов, муассиси расонаҳои гурӯҳии «Азиа плюс» чунин мешуморад, ки барои мубориза бо ҳар намуди мушкилот, хоҳ коррупсия бошад ё нашъаҷаллобӣ, нахуст волоияти қонун ва озодиҳои сиёсӣ дар нисбати ҳар як узви ҷомеа бояд роҳандозӣ шавад. Ба андешаи ӯ, чунин озодӣ ҳанӯз вуҷуд надорад. Барои «худӣ»-ҳо гузашт мекунанд ва дигарон ин ҳолатро дида, аз онҳо пайравӣ менамоянд. Вай мегӯяд, ки барои танг кардани мавқеи иқтисоди пинҳонӣ бояд ҳама монеаҳои сунъӣ ва нодаркор, ки одамонро дар ин бахш нигоҳ медоранд, аз байн бурда шаванд ва ба мардум имконият додан даркор аст, то фаъолияти худро қонунӣ ба роҳ монанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҷомеаи мо ба ҷои он ки монеаҳои сунъиро аз байн баранд ва қонунҳоеро лағв созанд, ки дар заминаи садгузорӣ таҳия шудаанд ва шароити озоди пардохти андозро муҳаё созанд, баръакс монеаҳои дигарро ба вуҷуд меоранд. Масалан, як ронандаи мусофиркаш барои он ки ба кор шурӯъ кунад, бояд иҷозатнома гирад ва барои табдили он ҳар ним сол пул супорида, боз иловатан патент гираду ҳар моҳ маблағ супорад ва ҳамзамон боз маҷбур аст, роҳхат ҳам гирад. Оё кофӣ нест, ки ин ронанда як намуд андоз супораду аз дигар пардохтҳо озод шавад то тавонад зиндагиашро инсонвор пеш барад? Дар ин сурат, барои ронанда аз он ки қонунӣ фаъолият кунад, беҳтар аст, ки ба як корманди андоз ё БДА «доля» диҳаду пинҳонӣ фаъолият намояд. Дар ин ҳол, маблағ ба буҷет не, балки ба ҳар ниҳоди алоҳида ё кисаи корманди он меравад.
Суҳроби Рустам