Categories Ахбори рӯз

Таҷлили рӯзи кӯдак дар шаҳри Кӯлоб

Дар толори шӯъбаи минтақавии Ҳизби наҳзати исломии
Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии
ҳифзи кӯдак чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ 80 нафар кӯдак аз
шаҳри Кӯлоб иштирок карда, аз ҷониби аъзои ҲНИТ ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карда
шуд. Ҳамчунин дар ин маҳфил рӯхонии Қуръони маҷид ва бозиҳои гуногуни шавқовар гузаронида
шуд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳамасола 1-уми июн дар саросари ҷаҳон ҳамчун рӯзи
байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн мешавад, ки дар шӯъба ва бахшҳои ҲНИТ низ ин
рӯз таҷлил карда мешавад.

More From Author

You May Also Like