Аз 16 то 20 январи соли равон дар Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади пешгирии ҳаргуна зуҳуроти вобаста ба маводи мухаддир ва мустаҳкам намудани алоқаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ ва ташкилоту созмонҳои ҷамъиятӣ мусобиқаи «Волейбол» ва «Футболи хурд» барои ҷоизаи Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ гузаронида мешавад.
Дар мусобиқа метавонанд дастаҳои ҳамаи ташкилоту идораҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок варзанд. Ҷои доиршавии мусобиқа толори «Динамо», маҷмааи Варзишии ба номи «Спитамен»-и Вазорати корҳои дохилӣ мебошад.
Телефонҳо барои тамос: 919-41-13-13, 907-904-772, 93-411-10-03, 221-32-81, 227-65-43.