Categories Uncategorized

Дирӯз ӯ дур аз Ислом буд, аммо имрӯз…

Соати чори субҳ Соҳибро аз хоб азони масҷид бедор кард ва дигар хобаш набурд. Асабӣ шуд ва бо итоб сари худро зери болишт гирифт. Дар чунин лаҳзаҳо пушаймон буд, ки ҳавлиаш дар шафати масҷид аст. Агар медонист, ки ҳар субҳ аз баландгӯяк садои азон меояду ба хобаш халал мерасонад, шояд ин ҳавлиро намехарид.

Пас аз субҳона қарор дод, ки ба имоми масҷид Домулло Мухтор дар бораи халали азон сӯҳбат кунад. Чун ҳамсараш дарвозаро кушод, ӯ аз ҳавлӣ дар «мерседес» ба роҳ баромад ва бахташ сари роҳ Домулло Мухтор, марди тахмин ҳафтодсолаи ороми ришдор бо нафаре дар назди дари масҷид меистод.

_ Домулло, мешавад ҳамон овози баландгӯякро паст кард? – пурсид Соҳиб пас аз салому алейк.

– Чӣ буд? – оромона пурсид имом.

– Боз худатонро ба нодонӣ мезанед. Магар бо овози паст азон гӯед, намозатон қабул намешавад?

– Агар азон шуморо безобита карда бошад, роҳи осони ҳалли он ҳаст.

Соҳиб чизе нагуфт.

– Азон аслан даъватест барои онҳое, ки ба масҷид намеоянд. Масалан, барои шумо, ки дар ҳамсоягии масҷид зиндагӣ мекунеду ягон бор аз дари он нагузаштаед. Хуб мешуд, баъди шунидани азон ба ин даргоҳи мусалмонон меомадед ва ҳамроҳ ибодат мекардем. – гуфт Домулло Мухтор.

– Вақташ ояд, мехонем, аммо дар ҳоли ҳозир азонро бо овози паст диҳед, беҳтар аст. Агар ҳамин тарз азон садо диҳад, ман ба ҳукумат шикоят мекунам.

– Шумо як нафар зидди азон, дигар ҳама тарафдор. Наход ҳукумат фикри аксарро монда, талаби як шуморо қонеъ кунонад?

Соҳиб чизе нагуфту бо қаҳр ба «мерседес» нишаста, чанги кӯчаро ба осмон хезонида, рафт…

Пас аз як моҳ оилаи Домулло Мухтор боғеро иҷора гирифта, ба зардолухушккунӣ рафт. Рӯзе ӯ бо фарзандонаш хирмани зардолуи қоқшударо ба халтаҳо мебардошт ва ба халтаи охирин даҳанбанд нарасид. Барои он имом хост аз кӯча гузашта, аз боғи ҳамсоя

даҳонбанд гирад. Чун пой ба роҳ гузошт, нохост «мерседес»-и сиёҳ, ки тахмин аз рӯйи 140 км дар як соат мерафт, имомро зад ва ҷисми ӯ ба як қад ба боло парида, ба замин афтод.

«Мерседес» тахмин сад метр рафта, истод ва аз даруни он Соҳиб баромад ва шитобон ба ҷойи садама қадам зад.

Дар як дам аз боғҳои ҳамсоя чанд нафар ҷавонмард давида, сари ҷасади имом омаданд. Домулло Мухтор аллакай ҷон ба Ҳақ супорида, аъзояш хунолуд буд…

Ду писараш зуд бо ашк дар чашмон падарашонро аз роҳ бардошта, ба боғ дароварданд.

Аммо ду ҷавонмарди ҳузарб аз боғи ҳамсоя гиребони Соҳиб, ки ранпарида буду ҳарфе гуфта наметавонист, гирифтанд .

Яке бо таҳқир гуфт:

– Ту лаънатӣ, наход дар ин роҳ аз рӯйи саду чанд ронӣ?

Дигаре бо мушт ба сари Соҳиб зада, гуфт:

– Ин ҳаром боз маст будааст. Ба ҷойи арақ шошаи ҳайвонро хӯр! Немедонӣ, пулатро куҷо сарф кунӣ, лаънатӣ!

Ҳамин замон яке аз писарони Домулло Мухтор, ки дар сари ҷасад буд, наздашон омад ва аз ҷавонон тавалло кард:

– Бародарон, илтимос, ин мардро назанед! Ӯ гунаҳкор нест; мо аз Аллоҳ медонем. Тақдири падар дар ҳамин ҷой ва ҳамин соат будааст.

Вале ҷавонон ба сухани писари имом эътибор надода, лату кӯби Соҳибро идома дода, ба замин афтонда, лагад мезаданд.

Соҳиб фақат «Ман намехостам… Хобам бурдааст…» мегуфт.

Писари имом миёни Соҳиб ва ҷавонон даромада, нагузошт Соҳибро лагадборон кунанд…

Рӯзи дигар муфаттишон ба хонаи имом омаданд ва аз фарзандонаш дархост карданд, ки аризаи даъвогиро пешниҳод кунанд, лекин онҳо танҳо гуфтанд, ки даъво надоранд ва ин фалокатро аз қазову қадар медонанд ва агар имконият бошад, умуман Соҳибро ба ҷавобгарӣ накашанд, зеро ӯ ҳаргиз намехост, ки қотили падари онҳо шавад…

Ин дархости онҳо ба гӯши Соҳиб расид ва ҳайратзада буд ва бовар дошт, агар кор баръакс мешуд; писари Домулло Мухтор падари Соҳибро дар садама мекушт, Соҳиб албатта, аризаи даъво ба суд мебурд.

Соҳиб медонист, ки оилаи имом аз камбизоатҳои деҳа буд ва танҳо аз меҳнати ҳалол мезист…

Рӯзи дигар ӯ дар мошин чанд халта орд, гӯшт ва сабзавот ба ҳавлии имом овард. Дар ҷайб боз панҷ ҳазор сомонӣ пул ҳам гирифта буд. Ӯро зуд ба кати айвон, ки чанд мӯсафед нишаста буданд, оварданд. Пас аз қироат ӯ ба писари имом гуфт, ки кам бошад ҳам, барои мадад дар мошин озуқа овардааст.

Писарони имом ӯро то кӯча гусел карданд ва диданд, ки воқеан ҳам дар бордони мошини Соҳиб чанд халта ҳаст, аммо барои фуровардани он розӣ нашуданд.

Соҳиб даст ба ҷайб зад ва аз он пул баровард:

– Ман медонам, ин маъракаҳо масраф доранд ва агар озуқаро нафуроред, ақаллан ин пулро гиред, то ки ба шумо гарон наафтаду мададе шавад.

– Ташаккур бародар, аммо мо аз шумо на як чиз ва на як дирам мегирем. Он чӣ шуд, тақдири падар будааст…

Соҳиб паси фармон нишаст ва раҳораҳ меандешид: Аҷиб дунё ва аҷиб одамонанд инҳо. Охир, ҳама медонад, ин оилаи Домулло Мухтор камбизоат аст, лекин аз чӣ бошад, ёрии ӯро қабул накарданд. Ба ҷойи ин фарзандони Худотарси имом дигар кас мебуд, шояд даҳ ҳазор сомонӣ металабид ва ё ба суд ариза менавишт, ки ин гунахкорро албатта, бишинонанд. Шояд шикастанафсии онҳо аз имондории онҳост? Ё пулашро аз он сабаб нагирифтанд, ки ӯ намоз намехонад…

Шаб хобаш набурд ва чун субҳ дамиду чанд лаҳза гузашт, садои муаззин аз масҷид омад. Ин садо садои писари Домулло Мухтор буд.

Фурсате гузашту Соҳиб вузуъ гирифт ва яке аз аввалинҳо шуда, ба масҷид омад ва ӯро писари имом дида, зери лаб гуфт:

– Субҳоналлоҳ… Худоро шукр…

Ҳикояти воқеӣ аз

Муҳибуллоҳи Қурбон

More From Author

You May Also Like