Низомхон Ҷӯраев, вакили асбақи маҷлиси вилоятӣ дар Суғд ва директори кулли Коргоҳи кимиёии Исфара ғайб задааст.
Бахтиёр Насруллоев, вакили дифои ӯ ба хабаргузории «Азиа плюс» гуфтааст, панҷ рӯзи ахир бо ӯ тамос барқарор карда натавонистааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки вакили дифоъ гуфтааст, ахиран, 3 –юми июни соли ҷорӣ дар Душанбе бо муваккилаш вохӯрдааст.
Бахтиёр Насруллоев, ҳамчунин афзудааст, 20 –уми июни соли равон мурофиаи додгоҳии навбатии Низомхон Ҷӯраев бояд доир мегашт. Ба гуфтаи ӯ, дар умум, бар асоси таҳқиқи парвандаи муваккилаш мутобиқ бар чаҳор моддаи Кодекси кайфарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 260 (соҳибкории сохта), 261 (бақайдгирии аҳди ғайриқонунӣ бо замин), 289 (кочоқ) парвандаи кайфарӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшинос ва яке аз вукалои дифои матраҳ дар ҷомеа бар пояи ин ки ғайб задани Ҷӯраевро мақомот расман тасдиқ накардаанд, мегӯяд, «танҳо рӯзноманигорон бо назардошти ба додгоҳ ҳозир нашудани ӯ ба чунин хулоса омадаанд ва шахсан ман низ ин хабарро аз матбуот дарёфт кардам».
Бону Воҳидова афзуд, «ӯ дар озодӣ буд ва шояд даъватномаи додгоҳ ба таври дахлдор супорида нашуда бошад. Бояд мақомоти интзомӣ ва хадамоти фаврӣ -ҷустуҷӯӣ инро муайян кунанд ва агар ӯ фирор карда бошад, ҳатман қайди аз марзи кишвар баромаданаш бояд тасдиқ гардад».
Бояд гуфт, Низомхон Ҷӯраев соли 2007, пас он ки нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд, аз Тоҷикистон фирор кард. Вале моҳи августи соли 2010 ӯ дар Маскав боздошт гашта, мақомоти кишвар, ки Ҷӯраевро ба ҷиноёти сангине, чун куштор, шустушӯи пул ва ҳифзи аслиҳа айбдор мекарданд, мехостанд аз Русия ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, аммо дар натиҷаи муроҷиати вакилони дифои ӯ ба додгоҳи Аврупо Маскав ӯро ба Душанбе интиқол надод.
Ҷойи ёдоварист, ки қабл аз боздошти Ҷӯраев дар ҳамбастагӣ ба иттиҳомоти ӯ 31 сокини Исфара ба муҳлати аз 8 то 25 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Вале дар соли 2012 мақомоти Маскав ӯро раҳо намуданд.
Ғайрчашдошт баҳори соли 2012 Низомхон Ҷӯраев дар Тоҷикистон пайдо шуд ва тавассути телевизион гуфт, ба дидорбинии модараш омадааст. Баъд аз дар Тоҷикистон пайдо шудани Низомхон Ҷӯраев адвокаташ Анна Савитская тахмин мезад, ки эҳтимол ӯро рабуда ба Тоҷикистон бурда бошанд.
Ф. Воҳидова, ки дар рафти тафтиши пешакӣ муддате вакили дифои Низомхон Ҷӯраев буд, мегӯяд, зимни тафтиши қазияи собиқ директори Коргоҳи кимиёи Исфара аз ҷониби Додситонии кул ноадолатӣ сурат гирифтааст. «Ба таври мисол, айби сангине, ки ба дӯши ӯ бор карданд, ин қочоқ- контрабанда буд ва зимни тафтиши пешакӣ бо далелу бурҳони бебаҳс исбот кардем, ки Ҷӯраев бо роҳи қонунӣ ба кишвар ғалла ворид кардааст. Аммо мақомоти прокуратура бо назардошти он ки барои ин ҷиноят каблан шарикони тиҷоратии Ҷӯраев суд шуда, дар маҳбас мебошанду қатъ кардани парвандаи ҷиноӣ дар ин қисмат ҳукми Суди Олӣ ва сифати тафтиши қаблиро зери шубҳа мегузорад, далелҳои моро қабул накарданд. Инчунин ҳаҷми зарар ба маротиб зиёд ва сунъӣ нишон дода шуда буд», гуфт вакили дифоъ.
Бояд гуфт, Низомхон Ҷӯраев дар қазияи Зайд Саидов, соҳибкори маъруф, собиқ вазири саноати Тоҷикистон ба сифати шоҳид пурсида шуд. Аммо баъдан, 19 сентябри соли гузашта ба «Азиа плюс» гуфта буд, ӯро Зайд Саидов маҷбур накардааст, ки ришва диҳад, балки худи ӯ маҷбур будааст.
Ахиран, бо вуҷуди он ки фирори Низомхон Ҷӯраев аз ҷониби мақомот тасдиқ нагаштааст, Ф. Воҳидова гуфт, агар ӯ гурехта бошад, пас, мантиқ ин аст, ки ба адолати судӣ бовар надорад.
Categories
ТАҲЛИЛ