Categories Ахбори рӯз

Ғаффорзода : “бештар ҷавонон дар рӯйхати номзадҳо бошанд…”

Ҳуриниссо Ғаффорзода, роҳбари як созмони иҷтимоӣ, ки чандин сол аст бо ҳизби наҳзат ҳамкорӣ дорад мегӯяд “солҳои тӯлонӣ аст, ки ман чун хоҳаратон дар бари шумо ҳастам ва мебинам, ки дар миёни шумо шоир, файласуф, сиёсатмадор ва донандагони хуби дин ҳастанд. Ва имрӯз шумо хеле устувор шудаед дар бозиҳои сиёсӣ низ”. Ин суханонро хонум Ҳуринисо дар Анҷумани 11-уми Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон иброз дошта, ҳамаи ширкаткунандагонро табрик намуд.

Аз оне ки номзадии Руқияи Нӯрӣ, духтари Абдуллоҳи Нурӣ дар интихоботи парлумонӣ пешбарӣ шудааст, хонум Ғаффорова хуб қабул карда мегӯяд “имрӯз чизе ки дидам, ин чеҳрае, ки кайҳо боз дар сояҳо рафта буд, хонум Руқияи Нурӣ мебошад, ки боиси ифтихор аст”.

Дар хориҷи кишвар аз хонум Ҳуринисо суол мекардаанд, ки хонаводаи устод Нурӣ куҷост? “Таҳкурсии ҳизбро, ҷаллолияти ҳизбро овард ва сулҳу устувориву иродатро овард, куҷост ин хонавода гуфта аз ман мепурсиданд. Ва имрӯз хушҳол шудам аз дидани хонум Руқия. Ӯро дар кишварҳои берун хуб мешиносанд, хеле хуб арҷ мегузорандаш”.

Ҳамчунин ӯ илова кард, ки ҳар фарди сиёсиро фарзандонаш низ сиёсӣ мешаванд ва онҳо метавонанд минбарро аз худ кунанд, мурдумро думболашон баранд.

Ӯ аз иштироки ҷавонон дар интихоботи парлумонӣ ишора кард, ки бештар ҷавононро дар рӯйхати номзадҳо пешбарӣ намоянд. Ба гуфтаи ӯ ҳарчанд ҷавонони мо ғолиб ҳам наоянд, вале аз мактаби сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ мегузаранд.

Ҳуриниссо Ғаффорзода аз фаъолияти кормандони Академияи илмҳои кишвар ёддовар шуда қайд кард, рақобати онҳо бо ҲНИТ ғайри қобили қабул мебошад. “Мутаассифам вақте имрӯз Академияи улуми мо як гурӯҳе, ки мехоҳанд хеле чизҳои бад гӯянд, ниҳодҳои амнинятии мо бояд ҳушёр бошанд. Чунки дар Академияи улум устод Айнӣ, Бобоҷон Ғаффуров, Раҳим Массоф, Шакурӣ аз шахсиятҳои бузург ва барҷаста буданд. Пас чаро академия имрӯз ба як ғайбатхона мубаддал шудааст. Академияи улуми моро кӣ ҳуқуқ додааст, ки ихтилофи нави сангинро ба миён орад, ки ин хеле бад аст. Академияи улум бояд филологу биолог не, балки вазифааш ин аст, ки фанҳои дақиқ, ихтироъкориро ба миён монад, ки мо низ ҷоизаҳои Сахарову Нобелро соҳиб шавем”.

More From Author

You May Also Like