Нисфи шаби 24 март се нафар марди мусаллаҳ ба хонаи Давлат Нозиров, истиқоматкунандаи шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат даромада, ҳам худу ҳам зан ва фарзанди синфи шаши ӯро латукӯб карда, дасту пояшонро бастаанд.
Ҳамзабек Нуров, раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат дар робита ба ин масъала гуфт, дар натиҷаи латукӯб ва бастани дастпои эшон, афроди ношинос маблағ ва гӯшворҳои қиматбаҳои ҳамсари Д. Нозировро гирифта ғайб задаанд.
Вобаста ба масъалаи мазкур ба Шуъбаи корҳои дохили шаҳри Ваҳдат муроҷеъ шудем . Шамсуддин Тағоев, навбатдори шуъба хабари мазкурро тасдиқ карда, гуфт, шаби 24 март се нафар марди тануманд дасту пои Давлат Нозиров ва оилаву кӯдакашро баста, миқдоре аз маболиғи ӯро ба ғорат бурданд. «Феълан ҷабрдида таҳти назорати табибон қарор дошта, вазъи саломатияш хуб аст ва қазия пайгирӣ шуда истодааст ».
Аз шуъбаи ШКД-и Ваҳдат гуфтанд, ки ба Неъмон Каримов, муфаттиши муроҷиат кунед. Вале чанд маротиба ба муфаттиш дар тамос шудем ба истинои як дафъа, ки гуфт, дар наздаш касе ҳаст, дигар ба зангҳои телефонии мо ҷавоб надод, то маълумоти бештаре нисбат ба қазия пайдо намоем.
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ҳамзабек Нуров, Давлат Нозиров бародари Саидмурод Нозиров, сокини деҳаи Нозирободи ноҳияи Ваҳдат, узви Раёсати Олии ҲНИТ мебошад, ки рӯзи 8 феврали соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил (УБОП) даъват шуда буд.
Ӯ гуфт, то ҷое медонем, Давлат Нозиров марди меҳнаткаше буд,. ки бо меҳнати худ музде бад даст меовард, БО ҳеҷ Як тоифаи шубҳанок ҳамкорию фаъолият надошт
Саидмурод Нозиров мегӯяд, бародараш Давлат Назиров марди сарватманд нест, аммо дар бозор ба тиҷорати либосаю пойафзол машғул аст, ки даромадаш барои зиндагии хонаводагиаш басанда аст:
. “Бародари ман на он қадар пули зиёд дошт, ки ғоратгарон маҳз Ба хотири пулаш барои ғорат даромада бошанд Се нафар ҳатто таҳдид намуда, гуфта буданд , ки “туро мекушем”, аз ин хотир кормандони ШКД мегӯянд, ки дар таҳти ӯро назорати худ қарор хоҳем дод. Моро ҳам даъват карда буданд, рафтем, чанд суоле доданд, ба онҳо посух гуфтем. Бародарам тасмим дошт, мошине харидорӣ кунад ва аз ин иқдомаш баъзеҳо хабар доштанд … “.
Мақомоти пулис ба мо фишор оварда мегӯянд, ки ҳар чизеро медонед бояд ошкор гӯед, то мо ин ғоратгаронро дастгир намоем, вале мо чизеро, ки медонистем, ҳамонро ба намояндаҳои пулис гуфтем, афзуд С. Нозиров .