Categories Uncategorized

Инсоф дар Қуръон ва ҳадис

Инсоф, ки аз зеботарин хислатҳои ахлоқист, ба маънои адолатварзӣ, иқрор ба ҳуқуқи мардум  ва адои онҳо буда, инчунин ба маънои ҳар хайреро, ки  барои худ мехоҳӣ, барои дигарон ҳам хостан ва ҳар зараре, ки барои худ намеписандӣ барои дигарон низ написандидан аст.  Агар мехоҳӣ мардум туро дӯст доранд, инсофро пеша кун ва аз сухани Паёмбари акрам (с)  истифода бар, ки ихлосу инсоф воҷиб ва саховатмандию  бахшиш мустаҳаб аст.
Вале бархе аз мардум  дар мақоми сухан  ё адои шаҳодат, вақте манофеи худ ё наздикони худро  дар маърази хатар  мебинанд, мекӯшанд, ки ҳақиқатро нагӯянд, аз ин рӯ, Худованд (ҷ)  дар Қуръони маҷид мефармояд: “Ҳангоме сухан мегӯед, адолатро риоя кунед, ҳатто агар дар мавриди наздиконатон бошад ва ба аҳди Худо  вафо кунед, ин чизест, ки Худованд (ҷ) шуморо  ба он супориш  мекунад, то мутазаккир шавед”. (сураи “Анъом”, ояти 152).  Дар ҷойи дигар мефармояд: “Эй касоне, ки имон овардаед, ба таври ҷиддӣ дар посдорӣ аз адолат  бархезед ва барои Худо гувоҳӣ диҳед, агарчи (ин гувоҳӣ) ба зиёни худи шумо ё падару модар ё наздикони шумо  бошад, барои ҳар кас, ки шаҳодат медиҳад, чӣ ғанӣ бошад ё фақир, Худо сазовортар аст, ки аз онҳо ҳимоят кунад. Бинобар ин аз ҳавову ҳавас  пайравӣ накунед, ки  аз ҳақ мунҳариф хоҳед шуд ва агар ҳақро  таҳриф кунед ва ё аз изҳори он  эъроз намоед, Худованд ба ончи анҷом медиҳед, огоҳ аст”. (сураи “Нисо”, ояти 135).
Дар ҳадисҳо низ  супориши зиёде дар бораи  риояти инсоф  шудааст, ки  дар зер ба баъзе аз онҳо ишора мекунем.
Макорими ахлоқ: Марде назди Пайғамбари Худо (с)  омада, гуфт: Маро аз макорими ахлоқ огоҳ кун. Паёмбари акрам (с)  фармуд: “Макорими ахлоқ иборат аст аз: авф кардани касе, ки ба ту  ситам кардааст; пайванд бо касе, ки аз ту буридааст; бахшиш ба касе, ки  туро маҳрум кардааст; ҳақгӯӣ, гарчи ба зарари худат бошад”.
Аломати имон: Паёмбари акрам (с)  яке аз нишонаҳои мӯъмини  воқеиро  инсоф дониста, мефармояд: “Касе, ки  ба фақир ҳамдардӣ кунад ва дар мавриди мардум  боинсоф бошад, мӯъмини воқеист”.
Сахттарин таколифи илоҳӣ: Риояти инсоф  кори душвор аст ва инсон  бояд ба он аҳамият  бидиҳад. Чунонки аз Паёмбари Худо(с) ривоят мекунанед, ки фармуд: “Оё шуморо  ба сахттарин чизе, ки  Худо ба халқаш  воҷиб кардааст, огоҳ бисозам?
Сипас се мавзӯеро баён кард, ки нахустини онҳо  инсоф кардан бо мардум буд.
Навъҳои инсоф: Инсоф дорои анвоъ ва ақсоми  ба шуморест, ки дар инҷо  ба чанд маврид ба унвони  намуна  ишора мешавад:
Инсоф дар сухан: Инсон бояд ба суханони  дигарон он гуна бингарад, ки ба суханони хеш менигарад ва аз он ҳамонгуна  дифоъ кунад, ки аз сухани хеш  дифоъ  мекунад ва ба таъбири дигар,  толиби ҳақ бошад ва онро дар назди  ҳар кас  ва ҳар ҷо  биёбад пазиро шавад, ҳарчанд гӯяндаи ҳақ як фарди оддӣ  ва ё олими бузург  бошад.   Зеро инсофе, ки дар ривоёти исломӣ  аз  он  ситоиши фаровон шудааст, ба  маънои яксон нигаристан ба манофеи хеш ва дигарон аст ва яке аз шохаҳои он  инсоф  дар сухан мебошад.
Инсоф  дар қазоват:  Ҳар шахс  сарфи назар аз мавқеияташ,  бояд инсофро риоя кунад, зеро риоят накардани  инсоф  дунё ва охирати  инсонро  табоҳ месозад. Аз ин рӯ, касе, ки бар касе қазоват  мекунад, бояд ҷуз ҳаққу  ҳақиқат чизи дигарро  манзур надорад.

Таҳияи

Саодати ҲИКМАТ  

More From Author

You May Also Like