Categories Uncategorized

Курсии Башшор Асад меларзад…

Таҳияи Абдуллоҳи Карим

nahzat.tj

Аз рӯзе, ки дар Сурия гирдиҳамоиву эътирозҳо падид омаданд, коршиносони байналмилалӣ якчанд далелҳоеро мушоҳида намуданд, ки метавонад аз ниҳояти режими Асад дарак диҳад. Бо вуҷуди он ки ин низом эътирозгаронро бо ваҳшонияти гӯшношуниде хомӯш кардан дорад ва мекӯшад, то ин ҳама ҷиноятҳояш махфӣ ва дур аз дастрасии ҷомеаи беруна бимонад, он рӯйдодҳое, ки тайи ҳафтаи ахир ба вуқӯъ пайвастанд, бар оғози анҷоми аҳди асадӣ ишора доранд. Ин ҷо панҷ аломат мушоҳада шудааст, ки ҳар яки он ишора бар он мекунад, ки анҷоми муборизаву бархӯрд ба фоидаи эътирозгарон ва мухолифони низоми асадӣ ҳал хоҳад шуд.

Якум. Таркише, ки чанд рӯз пеш дар пойтахти Сурия, Димишқ анҷом дода шуд.  Ин худ як омили муҳим ба шумор меравад, зеро ба гуфтаи коршиносон «ин таркишҳо, ки дар Димашқ рӯй дод ва бар асари он аъзоёни сарварии режими Асад, аз ҷумла вазири дифоъ, ҷонишини вазири дифоъ ва айни замон домоди оилаи Асад, ки дар доираи сиёсати давлатии Сурия нақши муассиреро доро будааст ва  вазири умури дохила барин масъулони низомӣ ҷони худ аз даст доданд, зарбаи ҷонкоҳе бар ҷасади низоми асадӣ маҳсуб меёбад. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки то чӣ ҳад эътирозгарон дасти дароз доранд, ки аз ин пеш касе аз таҳлилгарон онро баҳо дода наметавонист.»

Дуюм. Задухӯрд дар Димишқ – пойтахти кишвари Сурия.  Бояд гуфт, ки ин таркиш баъди чанд рӯзи задухӯрд миёни нирӯҳои ҳукумати Сурия ва размандагони мухолиф  анҷом дода шуд. Ин задухӯрд нахустин нишонаи исён дар маркази пойтахт мебошад.

Аз он ки ин бархӯрдҳо муддати чанд рӯз аст, ки дар маҳаллаҳои мухталифи пойтахти Сурия шаҳри Димишқ идома дорад, метавон ба натиҷае расид, ки  низоми Асад рӯй ба таназзул ниҳодааст. Чун ин гуна амалиёт боварии мардумро нисбат ба қудрати ҳукумат бар идома додани бархӯрд бо мухолифон аз байн мебарад.

Сеюм. Аз назарҳо ғоиб гаштани Башшор Асад. Чизе, ки вазъиятро ташаннуҷи бештар мебахшад, он аст, ки сарвари низом Башшор Асад аз пайи ин бархӯрду кушторҳо аз назарҳо камнамо гаштааст. Чун то ҳанӯз вокуниши худро ба мардум ҳамчун раисҷумҳур нисбат ба ин рӯйдодҳои ахир иброз накардааст.

Тибқи хабарҳои аз манбаъҳои мухталиф пахшгардида, «Башшор Асад ва оилаи ӯ аллакай пойтахтро тарк гуфта ё дар шаҳри Лозиқия ва ё Тартус, ки ҳар ду маҳалли Алавиён (фирқае, ки Башшор Асад ба он мансуб асту дар Сурия, ки аксарияти мардум аз мусалмонони суннӣ иборатанд, ақаллиятро ташкил медиҳад) мебошад,  паноҳ бурдааст». Вале бино ба иттилои манбаъи расмии ҳукумати Сурия, «Башшор Асад то ҳанӯз дар Димишқ асту аз берун нарафтааст.»

Чорум. Аз даст додани назорати гузаргоҳҳои сарҳадӣ. Аз рӯйи иттилоъи хабаргузориҳои мухталифи байналмилаллӣ, тайи чанд рӯзи ахир тақрибан ҳамаи гузаргоҳҳои марзии кишвари Сурия бо Туркия  ва Ироқ таҳти назорати размандагони мухолиф гузаштанд.

Бешак, зери даст доштани марз яке аз вазифаҳои асосии ҳар ҳукумате ба шумор меравад. Бар асари ин тағйироти охирин зимомдорони ироқӣ марзи худро бо кишвари Сурия истеҳком бахшиданд ва ҳамаи гузаргоҳҳои марзии худро бо Сурия бастанд.

Панҷум. Аз касе ки пайгири ҳодисаҳои Сурия мебошад, пӯшида нест, ки миёни кишварҳои дорои таъсир ба сиёсати ҷаҳонӣ давлате ба мисоли Русия ҷонибдор ва тарафгири режими Асад дар Сурия намебошад. Албатта, ин ҷонибдориву тарафгириҳо бар асоси манфиатҳои минтақавиву ҷаҳонии кишвари Русия бунёд меёбад.

Бо вуҷуди таҳримҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳукумати Русия то ҳанӯз ба таври ошкор ин низомро бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ таъмин менамояд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз ҳаққи худ дар Шӯрои амнияти СММ ба хубӣ истифода мебарад. Ҳамин Русия аст, ки ҳамроҳ бо Чин ба Шӯрои амнияти СММ имкон намедиҳанд, то ваҳшонияти низомро маҳкум намояд ва нисбат он қарорҳои дахлдор қабул кунад.

Вале рӯзҳои ахир ба ин ҳодисаҳо чунин ба назар мерасад, ки ҷониби Русия низ мавқеи худро нисбат ба режими Асад дар тағйир додан аст. Чун сафири ин кишвар дар Фаронса, Александр Орлов дар сӯҳбати хеш бо яке аз хабаргузориҳои фаронсавӣ иброз доштааст, ки «ба андешаи ман душвор аст, ки Башшор Асад баъди ин ҳама дигаргуниҳо боз ҳам кишвари хешро идора карда тавонад. Аз ин рӯ, аён аст, ки дер ё зуд ӯ аз курсӣ рафтанро мепазирад, вале бояд коре кард, ки ин амал ба таври муносиб анҷом гирад.»

Чизи дигаре, ки аз тағйир ёфтани мавқеи русӣ нисбат ба низоми Асад дарак медиҳад, ин аст, ки Русия то ҳанӯз супоридани дафъаи навбатии чархболҳои ҳарбии худро, ки тибқи қарордоди пешин ҳукумати Сурия харидорӣ карда буд, ба қафо мекашад. Бино ба иттилои хабаргузории русии Интерфакс, «сабаби асосии таъхири супоридани чархболҳои ҳарбӣ ин ташаннуҷ ёфтани вазъ дар Сурия мебошад.»

«ал-Исломул явм»

More From Author

You May Also Like