Ба иттилои «http://www.google.com», то замони пайгирии мо, ин хабар танҳо бо забони арабӣ дар 39 300 саҳифаи интернетӣ нашр шудааст.
Сомонаи «http://aljazeera.net» ҷумлаи авалашро ин тавр оғоз кардааст: «Муассисаи иттилоотии Қатар бо гурўҳе аз «МВС» дар якҷоягӣ, эълон кардаанд, ки ба наворгирии бузургтарин амали дромавии телевизиониеро, ки як бахши муҳими таърихи исломро дар бар мегирад ва дар он дуввумин шахс аз Хулафои рошидин Умар ибни Хаттоб(р) таҷассум меёбадро оғоз мекунанд. Ин филм дар рамзони оянда бо дублажи забонҳои мухталиф аз ҷумла форсӣ пешкаши тамошобинон мегардад».
Сомонаи интернетии «http://rosaonline.net», ҷумлаи авали худро дар робита ба ин хабар чунин оғоз кардааст: «Хеле вақт шудааст, ки тамошобини араб ба шакли ом ва тамошобини мисрӣ ба шакли хос ба тамошои силсила филмҳои эронӣ, ки дар бораи шахсиятҳои барҷаста ва барўманди динӣ ба навор гирифта шудаанд, одат кардааст. Силсила филм дар бораи ҳазрати Марями қиддис(а), яке аз онҳост, ки дар он шахсияти Ў таҷассум ёфтааст, ва он барои тамошобин «фоҷиа» буд ва то он замон шахсиятҳои мўътабар ба монанди паёмбарон дар дроммаҳо таҷассум намеёфтанд..Лекин вақте, ки шабакаи телевизионии «Мелоди дром» силсила филми «Юсуфи Сиддиқ»-ро пешкаши тамошобинон кард, дар ҳол ал-Азҳар эътироз баён кард. Ба он хотир, ки Силсила филми «Юусуфи Сиддиқ», Юсуф ва падари эшон Яъқуб ва Ҷибраил(а)ро нишон додааст ва ин бо фатвои ал-Азҳар, ки таҷассуми чеҳраи паёмбарон ва ёрони Муҳаммад(с)-ро мамнуъ элом кардааст, мухолафат дорад».
Пойгоҳи хабарии «http://shorouknews.com», гузориши худро аз сўҳбат бо муаллифи «Умар ибни Хаттоб» шурўъ кардааст. Ўмегўяд: «То ҳол навиштани сенарияи ин филмро ба анҷом нарасонидаам. Ин идеяи Валид Иброҳимӣ ва қарори гурўҳе аз «МВС»-шабакаи хусусии Валид, Муассисаи иттилоотии Қатар ва коргардон Хотам Алӣ буд, ки бар ман пешниҳод шуд.
Ба иттилои манбаъ, Муаллифи ин сенария дуктур Валид Сайфи Урдунии Фаластинитабор, бо ин пешгуфтор аз мухбир пешдастӣ кардааст» вай мафзояд: «Шахсияти ал-Форуқ-Умар писари Хаттоб(р) яке аз муҳимтарин шахсиятҳоест, ки дар асри таъсиси рисолати Муҳаммадӣ бурўз кард. Ин силсилафилм ҳаёти чиҳилсолаи ўро шурўъ аз 23-солагӣ, то дами ба шаҳодат расиданаш дар сини 63-солагӣ дар бар мегирад ва аз ҳаёти халифаи Одил нақл мекунад».
Хабаргузории Суря «http://syria-news.com», матлабашро аз сўҳбат бо коргардони кишвар оғоз кардааст: «Ҳотам Алӣ, коргардони сураягӣ, чунин иброз доштааст: «То ҳол муайян нашудааст, ки шахсияти дуввумин Хулафои рошидин Умар ибни Хаттоб дар силсила филми мазкур, ки ба наздикӣ ба навор гирифта хоҳад шуд, таҷассум меёбад ё бо ишора ба он иктифо карда мешавад». Номбурда дар бораи шахсияти нақшофари эҳтимолӣ гуфт: «Номи ҳунарманде, ки нақши ўро иҷро мекунад, ё аз овозаш истифода мешавад ба наздикӣ эълон хоҳад шуд ва дар ҳарду ҳолат ба ҳунарпешаи нав ниёз дорем» ин манбаъ меафзояд: «Ин кор хеле ҳассос аст. Ба хамин хотир гурўҳи таҳиягарон, ки аз донишмандони мўътамади динӣ ташкил шудаанд рафти сенариянависӣ ва ба наворгириро зери назорат қарор медиҳанд, то бо шариати исломӣ ва гурўҳи мазкур мухолифате надошта бошад»».
«islamonline.net», низ дар ин бора тайи нигориши матлабе навиштааст, Муҳаммад Абдурраҳмон ал-Каворӣ, мудири иҷроияи Муассисаи иттилоотии Қатар, дар бораи аҳамияти мавзўъ сўҳбат карда гуфтааст: «Ҳадаф аз ин силсилафилм, ба қадри имкон,бозгашти таърихӣ ва талош барои тасҳеҳ ва ҳифозати он аз тариқи драммаҳо мебошад ва он тибқи ривоятҳои дақиқ ва саҳеҳ ва радд кардани хурофот ва таҳрифи таърихи исломӣ аст. Вай дар раъси гурўҳи таҳиягарони сенария ва назоратчиёни исломии он дуктур Юсуф Қарзовӣ ва Салмон Авдаро ном гирифтааст».
Амруллоиҳи Низом
Categories
Uncategorized