Маркази иттилоъоти исломии шаҳри Торонто, бо овезон кардани лавҳаҳои таблиғотӣ ва варақаҳои овезоншуда шаҳрвандонро ба шинохти бештари Ислом даъват мекунад.
Ба гузориши як манбаъи интернетӣ, ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии “mooslym”, Муҳаммад Убайдуллоҳ, узви иттилоъоти исломии Торонто бо баёни ин матлаб гуфт, ки тайи қарордоде бо Комиссиюни ҳамлу нақли Торонто қарор шудааст, ки огаҳиҳои марбут ба даъвати шаҳрвандон барои шинохти Ислом, ба муддати як сол дар чор истгоҳи метро “роҳҳои зеризаминӣ” насб шаванд.
Вай афзуд, дар ин огаҳиҳо, ки ба забони англисӣ дар истгоҳҳо насб шудаанд, навишта шудааст, ки: “Лоилоҳа иллалоҳу Муҳаммад расулуллоҳ, Исломро дар ин пойгоҳ ба 85 збон бишносед. Алоқамандон барои ошноӣ бо Ислом метавонанд бо муроҷиа ба вебсайти чандзабона, бо тамосҳои телефонии эъломшуда, саволҳои худро матраҳ кунанд”.
Дар ҳамин ҳол, Брод Роус, аз масъулони Комиссиюни нақлу ҳамли Торонто дар посух ба эътирозҳои гурӯҳҳои исломситез алайҳи ин тарҳ унвон кард, ки бинобар қонунҳои Комиссиюни ҳамлу нақл насбу овезони огаҳиҳои динӣ ва даъват ба дини Ислом иҷозат дода шудааст.
Масъулони Маркази итттилоъоти исломии Торонто эълом карданд, ки коршиносони масолили динии ин созмон то соати 16 ба вақти маҳаллӣ омодаи посухгӯӣ ба пурсишҳои алоқаманд ҳастанд.