Categories Uncategorized

Карзай: “агар Амрико вафо накунад, бо Русия ҳамкорӣ мекунем”

Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб

Раисҷумҳури Афғонистон Хомид Карзай рӯзи панҷшанбе 04. 10. 2012  гуфтааст: «Агар Амрико ва НАТО ба ваъдаҳои худ вафо накунанд, ин кишвар барои бароварда кардани ниёзҳои худ ба Русия ва Чин муроҷиат мекунад».

Тибқи гузориши расонаи хабарии «alarabiya.net» оқои Карзай афзуда, ки аз Амрико дархост намудем, то нерӯҳои ҳавоии моро бо лавозимоти ҷангӣ муҷаҳҳаз кунад. Аммо то кунун ба ин хоҳиши мо посухе нагуфтааст. Агар Амрико ва НАТО ин таҷҳизоти мавриди ниёзамонро дар ихтиёри мо нагузоранд, Афғонистон маҷбур мешавад онҳоро аз Русия ё Чин харидорӣ кунад.

Бино ба иттилои манбаъ, ин нуктаҳои муҳим аз ҷониби раисҷумҳури Афғонистон замоне садо доданд, ки ба идомаи ҳамлаҳои мушакии Покистон ба хоки ин кишвар хабар медиҳанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Карзай Афғонистон дар шароити кунунӣ тавоноии дифои худро надорад ва бояд артиши худро бо аслиҳаҳои сангин муҷаҳҳаз кунад.

Номбурда гуфтааст, ки Амрико бузургтарин шарики стратегии кишвараш маҳсуб мешавад, аммо то ҳол дар муқобили ҳамлаҳои мушакии Покистон ба хоки Афғонистон даст ба иқдоме назадааст.

Гуфтанист, ки бар асоси паймони стратегӣ-низомӣ ва иқтисодие, ки соли гузашта байни ИМА ва Афғонистон ба имзо расид, Амрико вазифадор аст, дар муқобили ҳаргуна ҳамлаҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҳимоят кунад.

More From Author

You May Also Like