Вақтҳои ахир аз ҷониби як гурӯҳ, ки худро ҷангиёни Сурияву дигар кишварҳо медонанд, ба ҷониби рӯзноманигорони тоҷик тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдидҳо ба чашм мерасад. Ба ҳамин монанд чанд рӯз пеш Аҳмад Иброҳим, сардабири нашрияи “Пайк” аз ҷониби як ҷангии тоҷик мавриди таҳдид қарор гирифта буд. Ин нафар ба Аҳмад Иброҳим занг зада, худро бо номи Абӯ Холиди Кӯлобӣ муаррифӣ карда буд.
Ҷаноби Иброҳим мегӯяд, исми ҳақиқии таҳдидкунанда Нусрат Назаров буда, айни ҳол дар Сурия мебошад. “Бегоҳи 6-уми январ ба телефонам занги ношиносе омад, муддати 20 дақиқа суҳбат кардем. Ба ман гуфт, ки бояд аз сиёҳ кардани номи муҷоҳидон даст кашам, вагарна идораи кори моро метарконанд”.
Ҳамчунин Муъмин Аҳмад, рӯзноманигори дигар, ки чандин матлабҳои худро дар мавриди ҷангиёни давлатҳои исломӣ нависта буд ва аз хонаводаи ҷавонони тоҷике, ки ба ҷангҳои Сурия рафта буданд, дидан мекард, ки пас аз ин аз ҷониби ин афрод таҳдид шуда буд. “Аслан кори мо журналистон ҳақиқатро навиштан аст. Шахсан худи маро таҳдид накарданд, вале номи матлаби ман дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ин афрод ишора шуд.”-мегӯяд Муъмин Аҳмад.
Вале ба ҷӯзъ ин ду нафар пас аз пахши барномаи “Чарх”-и Завқибеки Солеҳ, журналисти Шабакаи аввал, ки мавзуи ҷавонони тоҷики ДИИШ-ро барассӣ мекард, таҳдид ба ӯ низ дида мешуд. Аз ҷумла, вақте Завқибеки Солеҳ матлаби омодакардаи худро дар шабакаи иҷтимоии “Фуйсбук” гузошт, аз ҷониби якчанд нафар таҳдид ҳам шуд. Ҳатто расме ваҳшатнокеро гузошта, зераш Завқибекро таҳдид мекарданд. Аз ҷумла, яке аз ин нафарон бо исми Абуамина Муслим навиштааст, “Эй завқии муртади аскари даҷҷол,ту бо ин барнома меҳоҳӣ хуҷаинони куффори худро хурсанд кунӣ?Аҳлу оилаи муҷоҳидонро хору залил нишон дода истодаӣ, иншааллоҳ, аҳлу оилаи ту аз ин рӯзҳои сахтро мебинанд дар ин дунёву охират. Ҳоло мисли бародарони амрикоият ба дасти муҷоҳидон афтӣ, мебинем, ин хел доногию хушсуханиро. Интизор бош, мо низ интизорем. Агар тавба карда, аз муҷоҳидону аҳлашон узрхоҳӣ накунӣ, би изни Аллоҳ чунин ҳолатро интизор бош.”
Бояд гуфт, ки чунин таҳдидҳо кам нестанд, вале суоли асоси ин аст, ки чаро ин қадар рӯзноманигорон таҳдид мешаванду дигар рӯзноманигорон вокунише нишон намедиҳанд? Ва ё чаро созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон хомӯшанду касеро аз ин парвое нест?
Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, дар ин ҳол мегӯяд, ин ҷиноят аст нисбати рӯзноманигоре, ки кори худро пеш мебарад. Ва бояд
мақомоти салоҳиятдор ҳар як таҳдидро таҳқиқ кунанд ва нисбати сарчашмаҳои таҳдид чораҷӯйӣ кунанд. “Ин чиз яке аз самтҳое ҳаст, ки мо онро пайгирӣ мекунем ва намегузорем, ки нисбати рӯзноманигорон, ки рисолати худро анҷом медиҳанд, таҳдидҳо рӯх диҳанд. Ба ҳамин хотир мо аз мақомоти кишвар тақозо мекунем, ки ҳар як таҳдид таҳқиқ карда шавад ва дар сурати муайян шудани ашхосе, ки ба ин кор даст мезананд, бояд онҳо муҷозот шаванд”.
Ба гуфтаи Нуриддин Каршибоев мо мониторинг карда истодаем ва тасмим гирифтем, ки на фақат таҳдид нисбати ин журналистон, балки ба дигар журналистонро низ мавриди баррассӣ қарор диҳем.
Пас суоле ба миён меояд, ки ин таҳдидҳо хатар доранд ва хабарнигорони номбурда то куҷо ин таҳдидҳоро қабул доранд?
Ба гуфтаи Аҳмад Иброҳим “таҳдид маънои инро надорад, ки таҳдидшаванда тарсиду ба зону зад. Ҳамаро таҳдид мекунанд, вале оне, ки то куҷо амалӣ мешавад, ин кори Худованд аст, ки мо дар ихтиёри Ӯ ҳастем. Касе касеро дар ин дунё кушта наметавонад, магар бо хости Худо. Ҳамаро Худо мекушад. Ман боз ҳам кор мекунаму зиндагӣ мекунаму мубориза мебарам”.
Муъмин Аҳмад таҳдид карданро нишони заъифии як нафар медонад. “Он ҳодисае, ки дар Фаронса шуд ва онҳоро чанд сол пеш таҳдид карда буданд ва баъдан даст ба қатли журналистон заданд. Яъне, имкон дорад, ки онҳо ин корро кунанд, ҳарчанд, ки онҳо бидуни хати кашидаи хоҷагону сарпарастонашон коре намекунанд. Онҳое, ки ин нафаронро сарпарастӣ мекунанд, агар хоҳанд ҳар нафарро қатл мекунанд. Таҳдид ин маъноро надорад, ки худи онҳо омада, даст ба қатл зананд. Бубинед, ки комментҳои онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мегӯянд, кош, мо шаҳид шавему дар ҳаққи Ислом хидмат кунем. Яъне, ин ҷо нафароне ҳастанд, ки наметавонанд ба назди рафиқони худ ба Сурияву дигар давлатҳо раванд, вале кори худро ин ҷо анҷом медиҳанд. Аз ин рӯ, метавон таҳдиди онҳоро ҷиддӣ қабул кард.
Дар ҳамин ҳол Завқибеки Солеҳ мегӯяд: “Ман аз ин таҳдидҳо наметарсам! Чунки ман аз мусалмон наметарсам! Мусалмоне, ки бояд шиораш “Муслим бародари муслим” бошад! “Мусалмоне, ки аз дасту забонаш мусалмони дигар озор набинад”! АГАР ОНҲО МУСАЛМОН НАБОШАНД, ПАС ҲАР ЧИЗИ ДИГАРРО АЗ ҒАЙРИ МУСАЛМОН МО МУСАЛМОНОН ИНТИЗОРЕМ!!!!!”
Бояд гуфт, ки дар пайи ин таҳдидҳо Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси ҳукумати Хатлон дар нишасти хабарии худ иброз дошт, ки ҷангиёни тоҷик дар Сурия ба амнияту саломатии рӯзноманигорон дар дохили Тоҷикистон зарар расонида наметавонанд ва рӯзноманигорон бояд аз ин бобат итминони комил дошта бошанд.