Categories Интихобот

Узр аз мо, аммо…

Дирӯз хабар дода будем, ки номзад ба вакили МН аз ҳавзаи
якмандатӣ аз шаҳри Ваҳдат Сайдумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ, соати
19: 20, 21 феврали 2015 тавассути Шабакаи 1-уми Телевизиони Тоҷикистон барномаи пешазинтихоботии
худро ба тамошобинон муаррифӣ мекунад.

Ин замон аз ҷониби кормандони телевизион хабар дода шуда
буд.

Соати муқарраршуда бо умеди тамошои барномаи номзад назди
оинаи нилгун нишастем, вале суханронӣ пахш нашуд.

Ба ҷойи номзади ҲНИТ Ҳусайнӣ номзад аз ҲХДТ суханронӣ
кард.

Баъдтар фаҳмидем, ки ба ҷойи 19: 20 суханронии номзади
ҲНИТ соати 18: 25 пахш шуда будааст. Ва
он ҳам миёни барнома дар бораи шайх Темур ба тамошобинон пешниҳод шуда будааст.

Бинобарин аз шумо, хонандагон, узр мепурсем, ки дар вақти
муқарраршуда, ки мо хабар дода будем, барномаи пешазинтихоботии Сайдумар
Ҳусайнӣ пахш нагардид.

More From Author

You May Also Like