Ҷаноби Робин Орд-Смит, сафири Бритониё дар Тоҷикистон аз боздошти Александр Содиқов изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, барои рӯшан намудани ин қазия талош меварзад.
Аз гузоришҳои матбуъотӣ маълум мегардад, ки бархе аз манобеъ озод шудани ӯро пас аз бозпурсӣ шуданаш аз сӯи мақомоти амниятӣ таъйид мекунанд, аммо касе берун рафтанашро надида ва бо хонаводааш ҳам дар тамос набудааст.
Дирӯз, 17-уми июн ҳам изҳороте дар мавриди боздошти А. Содиқов аз сӯи директори Коллеҷи илмҳои ҷомеъашиносӣ ва таҳқиқоти байналмиллалии донишгоҳи Экситер пахш гардид, ки А.Содиқовро ҳамчун ходими илмӣ медонад: «Александр Содиқов, ходими илмиест, ки дар асоси шартнома бо донишгоҳи Экситер кор мекард ва зимни анҷоми мусоҳиба бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ мавриди боздошт қарор гирифтааст. Қасд аз сафари ӯ ба Бадахшон танҳо ба хотири гузаронидани корҳои илмӣ буда»-аст.
Ҳамчунин дар ҳамин изҳорот оварда мешавад, ки Содиқов дар заминаи дигар лоиҳае низ таҳқиқот анҷом медодааст, ки аз ҷониби Шӯрои илмии Бритониё зери номи «Қувваҳои эҳтимолӣ ва мудирияти низоъҳо дар Осиёи Марказӣ» маблағгузорӣ мешавад ва ба ин лоиҳа ҳамчунин донишгоҳҳои Нюкастла ва Брэдфорд ҷалб шудаанд.
Ҷои тазаккур аст, ки чанде қабл раёсати КДАМ дар ВМКБ шаҳрвандеро бо номи Александр Содиқов зимни мусоҳиба бо Алим Шерзамонов, раҳбари бахши вилоятии ҲСДТ дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ боздошт карда, ӯро зодаи Тоҷикистон ва омаданаш ба Бадахшонро бо қасди ҷосусӣ ба манфиъати кишвари дигар арзёбӣ мекунад.
Аммо Алим Шерзамонов зимни суҳбат бо хабаргузориҳо ҳама гуна иттиҳомгузориҳоро дар ин маврид рад кардааст.
Categories
Ахбори рӯз