Ҳукумати шаҳри Душанбе иҷоза додааст, ки мардум дар шаҳр низ соҳиби гов бошанд. Дар ҳамин ҳол иттилоъ дода мешавад, ки Ҳукумати шаҳр раҳбарони чаҳор навоҳии пойтахтро муаззаф намуда, то шароити буду бош ва гашти гову чорворо дар пойтахти кишвар таъмин намоянд. Гуфтанист, чанде пеш бо иқдоми Парлумон қароре ба тавсиб расида буд, ки тибқи он соҳибони ҳавлиҳои дар шаҳр наздик буда, ҳуқуқи парвариш ва нигоҳубин кардани говро надоштанд.
Categories
Ахбори рӯз