Панду андарз

Дило, ҳамвора таслими ризо бош,
Ба ҳар ҳоле ки бошӣ, бо Худо бош.
Носири Хисрав
Аз оёти қуръонӣ
Ва якҷо макунед ростро ба норост (яъне ҳақро ба ботил) ва пинҳон макунед ҳақро дидаву дониста. Ва барпой доред намозро ва бидиҳед закотро ва намоз гузоред бо намозгузорандагон. Оё мефармоед мардумро ба некӯкорӣ ва фаромӯш мекунед худро ва шумо мехонед китоб (яъне Таврот)-ро оё намефаҳмед. (сураи «Бақара», оёти 42-43-44)
Ай мӯъминон, судхӯрӣ макунед дучандон болои ҳам . Аз Худо битарсед, шояд, ки растагору комёб шавед. Ва паноҳ гиред аз оташе, ки омода карда шуда барои кофирон. Ва итоъат кунед Худову Паёмбарро, то бошад, ки ба шумо меҳрубонӣ карда шавад. (сураи «Оли Имрон», оёти 130,131, 132)
Ай мӯъминон, махӯред молҳои худро дар миёни худ баноҳақ (ба дуздӣ, судхорӣ, порагирӣ, қиморбозӣ ва дигар роҳҳои номашрӯъ) лек вақто он мол додугирифти тиҷоратӣ бошад, баъди ризомандии якдигар аз он бихӯред ва якдигарро макушед. Ҳамоно Худованд ба шумо меҳрубон аст. (сураи «Нисо», ояти 29)
Аз аҳодиси набавӣ
Аз Саҳл ибни Саъди Соъидӣ (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Агар дунё назди Худованд ба андозаи боли пашшае арзиш дошт, ҳаргиз ба ҳеҷ кофаре аз он як ҷуръа об намедод.» (ривояти Имом Тирмизӣ)
Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Моли дунёро ҷамъ накунед, ки ба сабаби он ба дунё рағбат пайдо мекунед.» (ривояти Имом Тирмизӣ)
Аз Каъб ибни Молик (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: ду гурги гурусна, агар дар галлае раҳо шаванд, он тавр фасод ва вайронӣ ба бор намеоваранд, ки ҳирси инсон бар моландӯзӣ ва талаби ҷоҳ ва мақом дар динаш ба бор меоварад. ривояти Имом Тирмизӣ)
Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ба таҳқиқ , касе, ки мусулмон ва таслими амри Худо буда ва ризқи кофӣ барои идораи зиндагиаш ба ӯ дода шуда бошад ва Худованд ӯро ба он чи ки ба вай дода шудааст, қонеъ карда бошад, растагор аст.» (ривояти Муслим)
Аз суханронии ёрони Расулуллоҳ (с)
Ай бандагони Худо, ҳар субҳу шом ба он соате, ки илми он аз назаратон ғоиб аст қариб мешавед. Пас агар битавонед, ки умри худро чунон ба поён бирасонед, ки ба корҳои фармудаи Аллоҳ таъоло машғул дошта бошед, бикунед! Аммо бидонед, ки бидуни мадади Худованд чунин карда наметавонед! Аз ҳамин ҷиҳат аз Худованди мутаъол мадад бихоҳед. (Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р))
Қудратмандтарин чизи дунё иттиҳод аст. Хоини муқтадир ва диндори заиф ҳар ду барои ҳукумат зараровар аст.
Ба ҳар хоин аз тарафи ман ду амин муқаррар аст, ки иборат аз обу гил аст. (Ҳазрати Умар (р))
Агар дилҳоятон пок бошанд ҳаргиз аз тиловати Қуръон ва шунидани он сер нахоҳед шуд. (Ҳазрати Усмон (р))
Ҳар шахсе, ки сухане дар дил пинҳон дорад аз ҷунбиши забон ва сураташ зоҳир хоҳад шуд. (Ҳазрати Алӣ (р))
Гуфтори бузургон
Агар даҳ сол ҳам бе касб ва қути зиндагӣ бимонӣ аз илм рӯй нагардон! Зеро илм зикри Худо аст ва вақте аз илм рӯй гардонӣ, ба зиндагии танг ва сиёҳрӯзӣ мубтало мегардӣ. Худованд мефармояд: «Касе аз зикри Ман рӯй гардонад, барояш зиндагии танге бошад ва рӯзи қиёмат ӯро кӯр ва нобино маҳшур менамоем» (Аз «Пандномаи» Имоми Аъзам (р))
Ҳама (миллатҳои дигари мусалмон) дар атрофи хонаи Каъба нолаву зорӣ мекунанд. Бисёр диққат диҳӣ дар тануманд будан мисли мо тануманд нестанд, дар зебо будан монанди мо зебо нестанд. Лекин дар ишқу алоқае, ки ба соҳиби ин Хона доранд, гоҳҳо нигоҳ мекунӣ аз рӯи инсоф онҳо шефтатар аз мо ҳастанд. Онҳо мусалмон ҳастанд, бародарони мо ҳастанд, хоҳарони мо ҳастанд. Хулоса ин омилҳо, ки дар Қуръон аст, дастуроти илоҳӣ аст, таълимоти Пайғамбар аст кӣ ба ваҳдату якпорчагӣ амр мекунад. (Устод С.А. Нурӣ)
Азизи ман, ҳар кӣ чашми худро аз Ҳақ бипӯшад ва ҳам назар ба ботил кунад, ӯ ҳаргиз аз васвоси шайтон халос наёбад. Агар бинойии ботин дорӣ ба куллӣ чашм аз халқ бибанд ва назар аз оламиён бардор ва аз гуфтугӯи халқ матарс, ки аз забони халқ Абӯязиди Бастомӣ қаддасаллоҳу сирраҳ халос наёфтааст, ту куҷо ёбӣ. (Зиёвуддини Нахшабӣ)
Эй марде, ки ҳар ноаҳлеро дар даруни худ ишқе андӯхтаӣ, ин парокандагӣ то кай? Эй марде, ки дили худро бо ҳазор бозори ишқи дигарон бифрӯхтаӣ, ин ошуфтагӣ то чанд? Эй марде, ки ҳадиси мо (зикри Худованд) бар забон надорӣ, ин хомӯшӣ то кай? Эй ёре, ки ҳаргиз ёри худро ёд наёрӣ, ин фаромӯшӣ то кай? Эй ки бо ҳар касе бозоре барсохтаӣ, ин расвоӣ то кай? (Шайх Саъдии Шерозӣ (р))
Пас агар (инсон) дар ҷавҳари хеш тааммуқ кунад (ба фикр фурӯ равад) ва ба ғавр бинигарад, бидонад, ки вай чист, (ва аз чӣ чиз аст) як туда устухоне ва бар он шаҳме ва лаҳме (гӯшту чарбӯ) ки на тоқат бар гармо дорад ва на сабр бар сармо. Агар нафаси раҳмонӣ ин таркибро онан фа онан (лаҳза ба лаҳза) зинда надорад, ба як лаҳза ҷифаи афтода бувад ва се рӯз чандон омосида бувад ва варамида, ки халқ аз назди ӯ бе ситр (даҳонпӯш) натавонанд бигзаранд ва нисбати ҳаёт дар бадан чун нисбати шӯълаи чароғ дар фатила ва равған аст, ки ба як боди мухолиф мунтафӣ (хомӯш) шавад ва назди ғалабаи равған ё нуқсони он хомӯш шавад. (Аҳмади Дониш)
Агар табиберо гӯянд, ки илоҷи ин ранҷур мекунӣ, чаро илоҷи падарат накардӣ, ки бимурд ва илоҷи фарзандат накардӣ?! Ва Мустафо (с) (Паёмбари Ислом)-ро гӯянд:
-Чаро амматро, ки Булаҳаб аст аз торикӣ берун наёвардӣ?!
Гӯяд, ки:
-Ранҷҳоест, ки қобили илоҷ нест. Машғул шудани табиб бад-он ҷаҳл бошад. Ва ранҷҳоест қобили илоҷ. Зоеъ гузоштани он бераҳмӣ бошад. («Аз Мақолоти Шамси Табрезӣ»)
Умари Абдулазиз (халифаи аҳди Умавиён ) Муҳаммад бинни ал-Қарзиро гуфт:-Сифати адл маро бигӯй. Гуфт:-ҳар кӣ аз мусалмонон аз ту кеҳтар (хурдтар) аст, ӯро падар бош ва ҳар кӣ меҳтар (бузургтар) аст, ӯро писар бош ва ҳар кӣ чанди (ҳамсоли) ту аст, ӯро бародар бош ва уқубати ҳар кас дархӯрди (муносиби) гуноҳи ӯ кун ва зинҳор то ба хашм як тозиёна бар кас назан, ки он гоҳ ҷои ту дӯзах бувад. (аз «Насиҳат-ул-мулук»-и Имом Ғаззолӣ (р))
Яке аз бузургони дин ҳамеша роҳҳои умедворӣ ба Худоро аз барои мардум зикр мекард, вақте аз дунё рафт ӯро дар хоб диданд, гуфт: маро бурданд дар мавқифи хитоби Парвардигор боздоштанд, хитоб расид, ки : чӣ чиз туро бар ин дошт, ки пайваста мардумро ба тамаъ ва умедворӣ вомедоштӣ? Арз кардам, ки: хостам дӯстии Туро дар дили эшон ҷой диҳам. Худои таъоло фармуд, ки Ман туро омурзидам. (аз «Эҳё-ул- улум»-и Имом Ғаззолӣ (р))
Махфӣ намонад, ки меҳмоние, ки ин ҳама савоб аз барои ӯ расидааст, на он аст, ки мутаъорифи аксари аҳли ин замона аст, ки ба қасди риё, ифтихор ё худнамоӣ ҷамъе аз аҳли дунёро бар даври ҳам ҷамъ намуда ба ҳарзагӯӣ ва ғайбати муслимин мегузаронанд. Ва анвоъи исрофро муртакиб мешаванд. Балки меҳмониест, ки мақсуд аз он тақарруб ба Худо ва иқтидо ба суннати Паёмбар (с) ва дилҷӯии бародарон ва шод кардани дили мӯъминон буду бошад. Ва қасди худнамоӣ ва фахр надошта бошад. Ва сазовор он аст, ки фуқаро ва неконро меҳмонӣ кунад, агарчи меҳмонии ағниё (сарватмандон) ва мутлақи мардум низ савоб ва фазилат дорад. (Мулло Аҳмад)
Ҷоҳи (мансаби) баланд одами пастро боло намебарад, аммо одами паст ҷоҳи баландро пойин меоварад. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Агар ростӣ аз хатар метарсем, бархезем ва коре бикунем, вагарна тарси беамал моро кӯчаку хатарро бузург мекунад. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Ҳар қадар дунё номеҳрубон бошад, шумо ба худатон меҳрубонӣ кунед ва ранҷи беҳуда ба худ роҳ надиҳед. (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Чи касе ҳақ дорад, ки мартабаи умумии раҳбариятро дошта бошад?
-Ҳамоне, ки дониставу аз сидқи дил ва фидокорона худро дар хидмати миллату кишвар гузошта бошад. Дар амал, на дар сухан. (Профессор Р. Мусулмониён)
Рафтору кирдори аксари ҷавонони имрӯза дигаргун шудааст ва онҳо дар ин самт дар либосу шууру ҳаракатҳои худ гоҳ аз Шарқ пайравӣ мекунанд ва гоҳ ба Ғарб ва ин ҳамаро аз тариқи филмҳо ва телевизиону радио гирифтаанд, ки мақсади душманон низ ба ин васила табоҳ кардани насли ҷавон дар мамолики исломӣ мебошад.(Имомуддин Аҳмад)

Фароҳамсоз М. Асозода

More From Author

You May Also Like