Дар ҳар соат 300 кӯдак дар ҷаҳон, ҷони худро аз даст медиҳанд, чаро ки наметавонанд ба андозаи ниёзҳои худ ғизо дарёфт кунанд.
Ба гузориши як шабакаи интернетии хабарӣ, ба нақл аз рӯзномаи англисии “Горден”, ҳамасола 2.6 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон ба иллати нарасидани ғизо ҷони худро аз даст медиҳанд. Бар асоси ҳамин гузориш, илова бар ин теъдод, 450 миллион кӯдак низ ба хотири нарасидани ғизои муносиб бо мушкилоте дар рушди ҷисмонӣ ва мағзии худ мувоҷҷеҳ мешаванд. Танҳо дар Ҳиндустон 48 дарсад аз кӯдакон аз рушди комил бархурдор нестанд. Дар кишварҳое чун Нигерия ва Танзония низ ин мушкилот ба шиддат рӯ ба афзоиш гузоридааст.
Ба навиштани рӯзномаи мазкур, афзоиши ҷаҳонии қиммати маводи ғизоӣ яке аз мушкилоти ҷиддӣ дар масири таъмини ғизои дурусти кӯдакон дониста шудааст. Бо баёни Ҷостен Ферсейт, мудири муассисаи “Наҷоти кӯдакон” навъи бӯҳрони гуруснагӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва кӯдакон наметавонанд ба андозаи ниёзашон аз тағзия бархурдор бошанд. Бинобар ин гузориш, дар ҳар соат 300 кӯдак ҷони худро аз даст медиҳанд, чаро ки наметавонанд ба андозаи ниёзҳои худ ғизо дарёфт кунанд. Бӯҳрони ҷаҳонии иқтисод, ки бо бӯҳрони дар иқтиоди Амрико ва Аврупо ҳамроҳ аст, аз омилҳои доман задан ба мушкили тағзияи кӯдакон дониста мешавад.