Қаноти низомии ҲАМОС дар баробари анҷоми оташбаси 72-соъата гулулапартои худро ба самти Исроил оғоз бахшид, навиштааст РИА Новости.
Фаластиниҳо, ба хотири пайдо нашудани пешравие дар музокироти Қоҳира, аз тамдиди оташбас даст кашиданд. Чун тамоми аҳзоби фаластинӣ шарту шароити мусолиҳа бо Исроилро дар умум ва ба таври ҳаттӣ дар музокирот ироъа дошта буданд, ки аз ҳама муҳим бекор кардани муҳосираи Ғазза ва асос гузоштани бандар дар ин қаламрав будааст. Аммо Исроил иҷрои ин талаботро қабул надорад.
Тавре қаноти низомии ҲАМОС изҳор медорад, ин ду талаб зарурат ба муҳокимаву музокирот надоранд, онҳо башарӣ ва қонунианд, чун тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ-байналмиллал ба ин долат мекунанд. Ва фаластиниҳо барои ҷанги дарозмуддат ба хотири ғалабаи ниҳоӣ омода мебошанд, ки «зиндагиро дар шаҳрҳои калонтаринаш фалаҷ сохта, фаъолияти фурудгоҳи аслиро барои моҳҳо барҳам зада, иқтисодро варшикаста гардонанд, ё ин ки ҷанги заминии густурда ба нобуд шудани артиш гашта, ҳазорҳо аскар нобуд ва асир мешаванд, тонкҳои исроилӣ дар пеши чашми тамоми ҷаҳон нолозим қарор мегиранд».
Ин ҳама дар ҳолест, ки Ҷимми Картер, собиқ президенти ИМА ҳамроҳ бо президенти Ирландия Мэри Робинсон даъват бар он карда, ки машруъияти ҲАМОС ҳамчун як нируи сиёсӣ эътироф ва таҷовуз ба Ғазза қатъ карда шавад. «Ягон далили ҳуқуқӣ ва инсонӣ барои чунин як ҷанги қувваҳои мусаллаҳи Исроил вуҷуд надорад», навиштаанд Картери 90-сола ва Робинсони 70-сола дар маҷалаи «Forеign Policy».
«Фақат дар заминаи эътирофи машруъияти ҲАМОС ҳамчун актёри собит дар саҳнаи сиёсӣ, ки манфиъати аксари кулли фаластиниҳоро намояндагӣ мекунад, Ғарб метавонад ин ҳаракати муқоваматро ба гузоштани силоҳ пеш биёраду бас».
Categories
ТАҲЛИЛ