Зубайдуллоҳи Розиқ
«Бигӯ: «Оё Худоро аз диндории худ огоҳ мекунед, дар сурате, ки Худо он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, медонад ва Худованд аз ҳама чиз огоҳ аст». (сураи “Ҳуҷурот”, ояти 16).
Афрод ва гурӯҳҳое, ки ба ҳузури Паёмбари гиромӣ омада, қасам ёд мекарданд, ки дар иддиои имондорӣ содиқанд ва он чи бо забон мегӯянд, дар дилашон низ онро тасдиқ доранд ва имон дар қалби эшон устувор аст, зиёд буданд. Ин гуна даъвоҳо баъд аз замони Расули Худо (с) низ дар ҳолатҳои пирӯзӣ ва қудратмандии мусалмонон дар ҳузури пешвоён аз забони бархе аз инсонҳо бо ҳадафҳои гуногун садо додаву минбаъд низ садо хоҳанд дод.
Худованд дар ояти мазкур ин тоифаи инсонҳоро ба таври возеҳу равшан огоҳ менамояд, ки Ӯ таъоло эҳтиёҷ ба эълом ва донондани банда надорад. Зеро Худованди мутаъол худ инсон ва қалби ӯро, ки маркази боварҳост, офарида ва аз таҳаввулот ва тағйироти қалбҳо комилан ва ба таври фарогир огоҳ аст, ба изофа ҳидоят ба сӯйи имон ва эҷоди боварҳо низ бархоста аз фазлу марҳамати Ӯст.
Бинобар ин, аз асрори қалби инсон Худованди нек огоҳ аст, зеро на дар осмонҳо ва на дар замин ҳеҷ чизи бузургу резе вуҷуд надорад, ки берун аз илми Худованд бошад. Парвардигори огоҳу доно на танҳо аз зоҳири ашёи моддии олами вуҷуд, балки аз ҳақиқат ва моҳияти онҳо, ҳамчунин аз олами маънӣ, аз ниятҳо, мақосид ва он чи дар дилҳо, зеҳнҳо ва хаёлҳо мегузарад, комилан ва ба таври фарогир огоҳӣ дорад.
Аз ҷумла, аз ҳақиқати куфру нифоқе, ки замини қалбро олуда месозад ва аз ҳақиқати имоне, ки хонаи қалбро мунаввар намуда, дидаи инсонро ба сӯйи уфуқҳои дуродур мекушояд ва аз моварои олами ҷисмонӣ бохабар месозад ва тамоми вуҷуди инсонро ба самти хайру салоҳ савқ медиҳад, комилан огоҳ аст.
Худованд дар ояти баъдӣ ба изҳори исломдорӣ намудани арабҳои бодиянишин ишора намуда, мефармояд: «Онҳо бар ту миннат мениҳанд, ки ислом овардаанд, бигӯ: «Ба исломи хеш бар ман миннат маниҳед, балки Худованд бар шумо миннат мениҳад, ки шуморо ба сӯйи имон раҳнамоӣ кардааст, агар (дар даъвои имондорӣ) ростгӯ бошед».
Миннат ба маънии ба касе некӯйӣ ва эҳсон кардан аст, ки ин навъи миннат тобиши амалӣ дорад ва мавриди ситоиш аст. Аммо миннати лафзӣ амалест зишту накуҳида, ки инсонҳои манфиатҷӯ бо мақсади дастёбӣ ба манофеъи мавриди назари хеш некии худро дар ҳузури шахси некидида ба забон меоранд, ё дар сурати ноил нагаштан ба ҳадафи мавриди назар, некии анҷомдодаашонро ба рӯйи касе мекашанд.
Чунончи дар боло зикр шуд, арабҳои бодиянишин ислом оварданашонро ба Паёмбар (с) миннат ниҳоданд ва даъвои имондорӣ карданд. Одатан инсонҳо ба хотири хидмат ва амале миннат мениҳанд, ки шахси хидматдида ба он эҳтиёҷ дошта бошад, вале Паёмбари гиромӣ (с) дар кори даъват ба имон вазифаеро, ки Худованд ба зиммаи ӯ ниҳодааст, адо намуда ва дар асл он Ҳазрат (с), гарчи ислом овардани даъватшудагонро дӯст медорад, вале эҳтиёҷманд нест.
Бинобар ин, ҳеҷ мусалмоне ҳаққи миннат ниҳодан ба Паёмбар (с) ва доъиёни исломиро надорад. Балки мо инсонҳо ба имон овардану мусалмон будан шадидан ниёзманду муҳтоҷем, бинобар ин, вақте ба неъмати бузурги имон ҳидоят ёфтем, шукри онро бояд ба ҷо биёрем ва бидонем, ки неъмати ҳидоятро Худованд ба мо ато намудааст ва Ӯ таъоло ҳаққи миннат ниҳодан ба моро дорад.
Агар арабҳои бодиянишин ва дигар касони даъвои имондошта дар иддиои имондорӣ рост мегӯянд, миннат Худовандрост, зеро имон дар миёни тамоми неъматҳое, ки Парвардигор ба инсон бахшидааст, бартару бузургтар мебошад, ҳатто беҳтар ва болотар аз неъмати ҳастии инсон аст, зеро ин неъмат ба вуҷуди инсон ҳақиқати мумтоз мебахшад ва дар низоми олами ҳастӣ нақшу вазифаи ӯро дигаргун месозад.