Баррасиҳо нишон медиҳад, ин шабака, ки бештар мавриди истифодаи мардум қарор гирифтааст, саввумин омили бар ҳам забани хонаводаҳо ва ҷудоии онҳо аз якдигар ба шумор меравад.
Ба гузориши хабаргузории “jamnews”, рӯзномаи “Дайли мейл” рӯзи 31 декабр аз шабкаи иҷтимоии Facebook ба унвони омили саввум аз талоқҳо ва фурӯпошиҳои хонаводаҳо дар Англия ном бурд. “Дайли Мейл” бо ишора ба густариши талоқ ва фурӯпошии ниҳоди хонавода дар Англия, дар бораи таъсири Facebook бар рӯйи он навишт, акнун Facebook худ ба омили бузурги коҳиши издивоҷҳо ва афзоиши талоқҳо сабаб шудааст ва баррасиҳо нишон медиҳад, ин шабака дар соли гузашта дар радифи саввумин омили бар ҳамзанандаи хонаводаҳо ва ҷудоиии онҳо аз якдигар қарор гирифтааст.
Рӯзномаи англисии “Дайли мейл” бо баёни ин ки ин шабака дар зиндагии бисёре аз завҷҳо ва хонаводаҳо мушкил эҷод карда, афзуд, аксар мардон ва занон дар Англия аз тариқи Facebook бо дигарон иртибот барқарор мекунанд, ин василаи беҳтарин ва роҳаттарин роҳи итиботӣ барои чат кардану сӯҳбат намудан бо ҷинси мухолиф аст.