Хабаргузориҳо иттилоъ медиҳанд, ки имрӯз раиси дастгоҳи Президенти Эрон Исфандиёр Раҳими Машоӣ бо як сафари кории ду рӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Гуфта мешавад, ки ин мақоми баландпояи давлати Эрон бо Президент Э. Раҳмон, сарвазир ва дигар ашхоси расмӣ мулоқот менамояд. Ҳадафи ин сафар таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ карда мешавад. Қаблан эълон гашта буд, ки ҳангоми сафар Исфандиёр Раҳими Машоӣ барои дар расми ифтитоҳи бунёди «Хонаи Эрон» дар Тоҷикистон ширкат менамояд.
Categories
Ахбори рӯз