nahzat.tj
Қудратулло Ғуломов, cардори Раёсати тафтишотии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки аз ибтидои моҳи Рамазон то ин дам авбошӣ, дуздӣ ва дигар анвоъи ҷиноёт дар шаҳри Душанбе коҳиш ёфтааст.
Ғуломов гуфт, ки мавориди боздошти майзадаҳо дар хиёбону кӯчаҳои шаҳр тақрибан аз байн рафтааст ва дар ин шабонарӯз як ё ду нафар аз афроди маст боздошт мешаванд, ки одатан онҳо тоҷик нестанд.
Вай афзуд: “Агар дар моҳи гузашта ҳамарӯза дар Душанбе аз 25 то 35 ҷиноят ба қайд гирифта мешуд, ҳоло ин рақам дар ин моҳи шариф то ба 9-10 ҳолат коҳиш ёфтааст. Чашм нарасад, дар моҳи Рамазони имсол то ҳол ягон мавриди қатл ба қайд гирифта нашудааст.”