Нишасти мухолифони ҳукумати Сурия ва 11 кишвари аслии онҳо бо унвони “Нишасти дӯстони Сурия” баргузор шуд, аммо бар хилофи интизор мухолифони режими Башор тавофуқе бар сари ирсоли таслиҳот ба мухолифон ҳосил нашуд.
Тибқи хабаргузориҳо, дар ин нишаст Олмон бори дигар бар мухолифат бо ирсоли таслиҳот барои мухолифони режими Башор таъкид кард ва хостори фосила гирифтани ин мухолифон аз фиротгароён ва террористҳо шуд.
Буҳрони Сурия, ки аз ду сол пеш ва бо саркуби эътироз алайҳи ҳукумат оғоз шуд, дар моҳҳои гузашта шиддат гирифта ва ба ҷанге дохилӣ табдил шудааст. Тибқи бароварди СММ нооромиҳои Сурия то кунун беш аз 70 ҳазор кушта бар ҷой гузоштааст.