Categories Uncategorized

АНМН аз боздошти як гурӯҳи нашъаҷаллоб хабр дод

Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллобонро қатъ кардаанд. Дар натиҷаи ин амалиёт дар ҳаҷми ниҳоят калон  маводи нашъадор мусодира гардида, 4 нафар дастгир карда шудаанд.

Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, якчанд моҳ қабл кормандони АНМН корро бо тартиб додани ҳуҷҷатгузории фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллоб, ки аз ҷумлаи сокинони вилоятҳои Хатлон ва Суғд иборат буд, шурӯъ карданд. Чунончӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд дар рафти гузаронидани амалиёт 2 сокинони вилояти Суғд, ки яке 30 ва дигаре 35 сола мебошанд, дастгир шуданд.

Гуфта мешавад, ҳангоми дастгиркунӣ аз онҳо як пакет, ки дар дохилаш маводи хокамонанди ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор ва мусодира шудааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ боз 2 ҳаммаслаки ин ҷиноят дастгир шудаанд.

Дастгиршудагон сокинони шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд будаанд. Ҳангоми кофтуков дар ҷои истиқомати зодаи ноҳияи Б. Ғафуров, дар хонае, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор дорад, бо истифода аз саги хизматӣ-кофтуковӣ, дар махфигоҳи махсус тайёршуда, 7 баста бо маводи нашъадор ошкор ва мусодира карда шудааст.

Тибқи хулосаи лабораторияи экспертизаи судӣ маводҳои ошкоршуда воситаҳои нашъадори афюн ва героин будаанд.

Вазни умумии ин маводи нашъадор 28 килоро ташкил медодааст.

“Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қисми 4 КҶ ҶТ (нигоҳдории ғайриқонунӣ ва фурӯши маводи нашъадор дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид. Дастгиршудагон дар ТНМ РАНМН дар вилояти Суғд ба ҳабс гирифта шудаанд.

Феълан гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил дода шудааст, ки корҳоро оид ба ошкор ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ширкаткунандагони гурӯҳи ҷиноятӣ идома дода истодааст.” – мегӯяд манбаъ.

More From Author

You May Also Like