Categories СИЁСАТ

“Single window” дар Тоҷикистон ояндаи дурахшоне дорад

Ҷамшед Латипов

nahzat.tj

Шабакае, ки содироту воридотро осон мегардонад, ” Singlewindow” ва ё “Равзанаи ягона” ном дорад. Иҷрои ин шабака бевосита ба Хадамоти гумрук рабт пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат ҳайати кории Тоҷикистон таи сафаре аз 16 то 21-уми ноябр ба Банкок, пойтахти Тайланд азимат кард ва аз наҳваи кори “Равзанаи ягона” дар ин кишвар боздид намуд.

Рӯзи 19 – уми ноябр дар фурудгоҳи “Suvarnabhumi” нишасте баргузор гардид. Дар ибтидо филме аз таърихи Хадамоти гумурки Тайланд пахш гардид ва сипас Саман Сапун корманди техникии Хадамоти гумруки Тайланд дар ин нишаст изҳор дошт, вазифаи мо ин аст, ки барои нигоҳ доштани рақобати миллӣ дар дараҷаи гумруки сатҳи ҷаҳонӣ бошем. Ин ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳам кумак мекунад. Вазифаи дуввуми мо ин решакан намудани тиҷорати ғайриқонунӣ мебошад ва севвумӣ, ин осон гардонии муомилоти тиҷоратист. Аммо ба гуфтаи Саман Сапун ин 3 вазифа аз аҳдофи қадимии Хадамоти гумруки Тайланд мебошад ва вазифаҳои нави замонавии онҳо дигар аст. Таъмин намудани шаффофият, пешбинӣ ва сари вақт иҷозат додани убури молҳои тоҷирон ва дигар иштирокчиёни муомилоти тиҷоратӣ аз ҷумлаи мақосиди муосири гумруки Тайланд мебошад. Дуввумин ҳадафи замонавии мо ин таъмини адолат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамроҳ бо таъмини қобилиятнокии рақобати корӣ аст, меафзояд корманди техникии Хадамоти гумруки Тайланд Саман Сапун: “Албатта ин вазифаи бисёр ҷиддиест барои Хадамоти гумруки Тайланд. Ман фикр мекунам, ки Хадамоти гумруки дигар кишварҳо низ чунин вазоифи мушобеҳе доранд. Мебоист байни осонгардонии тиҷорат ва муқаррароти назоратӣ таъодули муносибе барқарор намуд, ки барои дифоъ аз марзҳои мо муҳиманд. Ҳамаи ин аҳдоф бояд дар як замон пиёда шаванд. Барои ин мо як сохтори ташкилотӣ дар дохили худи фурудгоҳи байналмилалии “Suvarnabhumi” сохтем. Инак ин сохтор чунин аст: мо 5 шӯъба ва як зершӯъба дорем. Зершӯъба ба корҳои идорӣ машғул аст. Шӯъбае, ки аввалин номида мешавад, ба муомилот бо воридот мепардозад. Сохтори дуввум ба муомилоти содирот сару кор мегирад. Бахши севвум ба таҳвили коло марбут аст. Ва бахши охирин ба шӯъбаи контроли гумрук дахл мекунад”.

Дар идомаи нишаст Неъматбой Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, барои он ки гумруки Тоҷикистон ба талаботи замонавӣ ҷавобгӯ бошад, дар замони кунунӣ бо кумаки Иттиҳоди Аврупо ва Бонки осиёи рушд усулҳои шабакаи “Равзанаи ягона” – ро муаррифӣ менамоем:

“Соли гузашта дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мо сохтани шабакаи иттилоъотии ягонаи автоматиро ба поён расонидем. Мо акнун хоҳиши тараққӣ додани ин шабакаро дорем. Дигар ниҳодҳо ва вазоратҳои дахлдор низ дар танзими тиҷорати берунӣ ширкат меварзанд. Ҳадафи омадани мо ба Тайланд ҳам омӯхтани таҷрубаи шумо дар роҳандозии «Равзанаи ягона» мебошад”.

Сипас Саман Сапун, корманди техникии Хадамоти гумруки Тайланд дар авохири суханони худ аз фурудгоҳи байналмилалии “Suvarnabhumi” гуфт, ки ин фурудгоҳ дар 25 километрии қисми марказии Банкок воқеъ аст. 32 километри мураббаъ, 45 миллион мусофир дар як сол ва 26 парвоз дар соат дорад.

Дар идомаи нишаст вақти суолу ҷавоб расид. Борис Филиппов, намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон суол дод, ки чаро аз барномаи “Равзанаи ягона” дар хусуси содироту воридот дар ҷаласа чизе нагуфтед?

Дар посух Саман Сапун гуфт, судури муҷаввиз аз замоне шурӯъ мешавад, ки содиркунанда ё воридкунанда ороиши ин шабакаро мудирият мекунад ва он гоҳ ин иттилоъот ба таври автоматӣ баррасӣ мегардад. Агар чизе дуруст набошад, ин шабака бо мушкилот мувоҷеҳ мешавад.

Ҳайати Тоҷикистон аз бахши гумруки фурудгоҳи байналмилалии Тайланд мавсум ба “Suvarnabhumi” дидан намуд. Дар ин боздид Саман Сапун ҳайати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ намуда, ҳангоми боздид аз ҳар қисмати гумруки ин фурудгоҳ, ба суолоти дигари ҳайати Тоҷикистон посух дод. Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 21 – уми ноябр ба Душанбе бозгашт.

Акнун, ки ҳайати кории Тоҷикистон аз ин сафар таҷрубаи ғаниеро ба даст овард, “Равзанаи ягона” – ро метавонад дар чорчӯбаи муносибе дар кишвар иҷро намояд. Дар зимн менеҷери лоиҳаи “Равзанаи ягона” дар Тоҷикистон Борис Филиппов ва ҳамзамон намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон мебошад. Дар назар аст, то “Равзанаи ягона” соли 2013 амалӣ шавад.

More From Author

You May Also Like