Categories ТАҲЛИЛ

Ҳушдордоданҳои ҳамоҳанг

Дирӯз, 19-уми июн дар мақомоти сарҳадӣ тағйироти курсӣ ва ҷобаҷогузориҳои нав ба вуқуъ пайваст. Бо фармону дастуроти ҷаноби Э.Раҳмон иддае аз масъулини қӯшунҳои марзбонии КДАМ аз вазифа барканор ё ба курси дигар интиқол ёфтаанд. Муъовини аввали сардори Сарраёсати қӯшунҳои марзӣ Ҳабибуллоҳ Сафаров ба курсии сардори ситоди нерӯҳои марзбонӣ интиқол ёфта, Раҷаб Маҳмадалиев, ки мақоми муъовинат дар Сарраёсати нерӯҳои марзиро дошт, сардори Раёсати ҷосусӣ-кашшофӣ буданашро лозим дидаанд. Муҳаммад Ҷаъфаров, сардори Раёсати корҳои тарбиявӣ дар идораи марзбонӣ таъйин гардидааст.
Ҳамчунин ба вазифаҳои сардори маркази таълимии пойтахт ва сардорони қисмҳои марзбонии Регару Шаҳритусу Панҷ, Шуроободу Ҳамадонӣ, Мурғобу Дарвоз, Табошару Панҷакент ва Лангар, инчунин дар бахшҳои дигари ин идора бо кадрҳои нав таъин шудаанд.
Дар мулоқоте, ки ҷаноби Э. Раҳмон бо онҳо доир намуд, ишора ва таъкид бар он дошта, ки пас аз берун рафтани НАТО аз Афғонистон масъулияти марзбонӣ бамаротиб бештар хоҳад шуд, зеро таҳдиди хатари терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бештар эҳтимол бештар гардад.
Ин дар ҳолест, ки дар ҳамон рӯз ҷаноби С. Ятимов, раиси КДАМ дар як конфронси байналмилалии созмонёфта аз сӯйи ВКД зери номи «Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатароти муъосир дар Осиёи Марказӣ: дастовардҳо ва дурнамоиҳои Тоҷикистон дар мубориза бо тероризм, экстремиз ва коррупсия» бо мавзӯи «Омилҳои паҳншавии назария ва амалияи экстремизм ва тероризм: роҳу василаҳои мубориза бо он» суханронии муфассале дошт. Агарчи асли суханронӣ ба куллӣ бо забони инглисӣ сурат гирифт, вале дар суханронии такрории ӯ бо забони омеха бо русию тоҷикӣ як чиз ошкор мешуд, таҳдидҳо ба субот ва оромии кишвар, он ҳам аз ҷониби доираҳои хориҷӣ тавассути ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ афзоиш ёфтааст.

More From Author

You May Also Like