Categories Uncategorized

Барқияи Ҷаноби Олӣ ба Ҷаноби Олӣ

«Ҷаноби Олӣ, Бародари азиз. Сарфарозам, ки Ҷаноби Олӣ ва дар шахси Шумо давлат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Туркияро ба муносибати фаро расидани солгарди Иди миллиатон самимона табрик намоям.” – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки имрӯз 29-уми окятбр ба Абдуллоҳ Гул, раисҷумҳури Туркия ирсол гардидааст.

Оқои Раҳмон дар ин барқия меафзояд: “Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли пешина, мӯътақид аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онҳо, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад.”

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ин барқияи кутоҳ умедвори равобити бештар бо Туркия буда, мегӯяд: “Мутмаинам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.”

Дар охири барқия омадааст: “Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Туркия, ба бародари азизам, ҷаноби Президент, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам.

Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 сол аст дар сари қудрат аст, дар назди тарафдоронаш бештар бо лақаби “Ҷаноби Олӣ” шуҳрат дорад. Ӯ дар ин барқия вожаи “Ҷаноби Олӣ”-ро истифода кардааст..

Манбаъ: Агентии Ховар + сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like