Categories Uncategorized

Эътирози донишҷӯдухтарон дар надзи донишгоҳ

Умари Масъуд

nahzat.tj

Ҳудуди 15 донишҷӯдухтари тоҷик имрӯз дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷамъ омада шикоят доранд, ки масъулини хобгоҳи Донишгоҳи миллӣ шаби гузашта онҳоро аз хобгоҳ берун намудаанд. Ин духтарон дар хобгоҳи №6-и Донишгоҳи миллӣ зиндагӣ мекарданд, ки сабаби ронда шудани худро аз ин хобгоҳ пурсон буданд.

Ин ҷавондухтарон иддаъо доранд, ки масъулини хобгоҳ дар қисми бинои хобгоҳ писарони донишҷӯро ҷой додаанд. Ҳол он ки одатан дар ин қисмат духтарон зиндагӣ мекарданд.

Инчунин ин духтарон мегӯянд, ки дар ҳуҷраҳое, ки пештар чор нафарӣ аз духтарон мезистанд, ҳоло шашнафарӣ иқомат мекунанд. Онҳо талаб доранд, ки ҷавонписарон аз ин қисм ҷудо карда шаванд.

Дар робита  ба вохӯрӣ бо сарвари донишгоҳ, сарвари донишгоҳ гуфтааст ҳоло банд аст ва пас аз зуҳр бо онҳо сӯҳбат хоҳад кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки бе ҳеҷ шароит духтарон бо писарон имкони зистан надоранд. Зеро шаётин дар камин буда, ҳар лаҳза имкон зиён расонидан доранд.

More From Author

You May Also Like