Ҳангоми сафар аз
поитахт ҷониби митақаи Кулоб, воқеъ дар ноҳия Данғара канори роҳ дар баландие чашми кас
ба мақабрае мехурад, ки соҳиби он қабр ба номи Шақиқи Балхӣ ёд мешавад. Ҳоло то
чӣ ҳад ин ба воқеият наздик аст, ин кори пажуҳишгарон ва муаррихон аст. Вале ончӣ
таваҷҷуҳи моро бештар ҷалб кард, ин шахсияти худи Шақиқи Балхӣ, андеша ва афкори ӯ мебошад.
Зиёуддини Нахшабӣ,
орифи қарни ҳаштум дар китоби “Силки Сулук”,
ки оиди аҳли тасаввуф ва андешаҳои
орифонаи ишон суҳбат мекунад, овардааст: “Шақиқи Балхӣ тазкир (амри ба маъруф) мекард,
рӯй дар ҷониби халқ кард, ки эй қавм, агар мурдаед инак гуристон ва агар
кофаред, инак кофиристон ва агар мусалмонед инак нишони Ислом.
Гӯянд: рӯзе пире
баромад ва гуфт: гуноҳи бисёре кардаам, мехоҳам тавба кунам, (Шақиқ) гуфт: нек бошад. Пир гуфт: баъд аз дер
меоям, Шақиқ гуфт: ҳар ки пеш аз марг ояд, дер набошад.
Рӯзе ӯро гуфтанд:
бадтарини мардумон кист? Гуфт: он ки гуноҳ кунад ба умеди афв ва тавба накунад
ба умеди зиндагонӣ. Вақте ӯро пурсиданд, сидқ чист? Гуфт: ҳама бар забони
содиқон рафта, танҳо зикри он бар забони козибон (дурӯғгӯён) мондааст.
Гӯянд, ки рӯзе Шақиқ ҷомаи сафед пӯшида буд,
мегуфт: эй кош дили ман имрӯз миёни дилҳо чунон будӣ, ки ҷомаи ман миёни
ҷомаҳост. Вақте ӯро пурсиданд, мутавккил (тавккулкунанда) кист? Гуфт: касе, ки
аз касе чизе нахоҳад ва агар нохоста бирасад, қабул кунад, нигоҳ дорад. Рӯзе ӯро
пурсиданд: марди гавҳарӣ кист? Гуфт: дарвеше, (нодоре) ки ӯ худро тавонгар
намояд ва гуруснае, ки худро сер намояд ва андуҳгине, ки худро шодмон намояд ва
марде, ки бо душман ҳам дӯст намояд.
Ҳар ки масти
олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи
ҷаҳон султон бувад.