Categories Uncategorized

Адами хушунат

Фазои ҳассосомези ҷомеъа, ки рӯз ба рӯз шиддати онро ҳатто қишри хоболуди он ҳам эҳсос мекунад, инсони сиёсатфаҳм, бахусус шинохт аз сиёсати низомҳои авторитаридоштаро ором намегузорад, вақте авзоъи атрофро ламс мекунад. Аз ин хотир, усулу услубҳои зургӯи ва ё хушунатомезро қабул надорад, аз кадом ҷонибе ҳам бошад.

Ӯ ҷанбаву назокатҳои раванди ҳаводисро ба риштаи таҳлил кашида, кушиш ба харҷ медиҳад, ки иқдомҳои хушунатомез пеш наоянд. Ин гуна мавқеъгириҳоро албатта пеш аз ҳама дар матбуот дидан мумкин аст. Дар воқеъ вақте шаклгирии эътироз бар хилофи фаҳму дарки султа бошад, пеш гирифтани он ба манфиъати умум нахоҳад буд.

Ҳоло мавзуъи «Адами хушунат дар сиёсат» дар матбуъот матраҳ аст. Агарчи дар мавриди ҷой доштани хушунат дар дигар ҷанбаҳои зиндагӣ баҳсҳое буданду ҳастанд, вале матраҳ ва ё пайдо шудани он дар сиёсат, фикр мекунам доғи рӯз аст.

Дӯстамон Темури Варқӣ дар яке аз навиштаҳои хеш дар ин маврид мегӯяд, ки ҳаракатҳои эътирозӣ дар Тоҷикистон бояд ва ҳатман аз хушунат кор нагиранд. Мо таҷрибаи инро дорем ва як ҷанги дигарро ба ҳиҷ сурат таҳаммул карда наметавонем, кишвар вайрон мешавад ва барои ин ҳама ҷавобгӯ хоҳем буд.

Бале, иқдомҳои эътирозӣ бояд моҳияти сулҳомез дошта, барои расидан ба ҳадафи мушаххас равона бошанд. Тавре имрӯзҳо шоҳид ҳастем, дар мавриди қазияи Зайд Саидов ниҳоди ҷамъиятие бояд бошад, ки бо исботи далелҳои худ ҳалли қазияиро ба як чаҳорчубаи қонунӣ баргардонад, ки маҳз дар он қонунмандӣ эҳсос намешавад.

Дар ин маврид пиёда кардани кадом иқдомҳои ифротӣ ва инқилобие ҳам лозим нестанд.

Бешак, адами хушунат ҳам дар ҳамон ҷомеъаҳое коршоям ҳаст, ки низоми демократӣ ҳоким бошад. Агар услуби эътирозии Гандӣ дар кишвари Ҳинд коршоям буд, ин ба маънои нест, ки низоми демократӣ ҳоким буд, балки фазои афкори демократӣ дар кишвари мустамликадор маҷбур сохт, ки ҳаракатҳои хастанопазирона ва сулҳомези мардуми Ҳинд дар назди дарёи Ганга ҳамчун рамзи эътироз эътироф карда шаванд.

Дар ҳоле ки дар мо танҳо таҷрибаи замони шӯравӣ ҳоким аст, он ҳам бо туҳмати доираи манфиъатхоҳе пушти панҷара бурдан ва бо ин ҳаросро дар афкори ҷомеъа нигоҳ доштан.

Пас чӣ бояд кард?

Дар Тоҷикистон асосҳои институтҳои демократиро КОМ дар Қонуни асосии ҷой дода тавонист ва ин асосҳо боқианд ва дар асри 21 ба сар мебарем, ки онро рушди институтҳои демократӣ мегуянд.

Аз ин хотир ҳар як ташаббус ва иқдоми мо бояд дар ҳамин поя сурат бигирад, то тавонем афкори ҷамъиятиро ба хотири ҳадафи маълум шакл бидиҳем. Ҳукуматдорон бояд ба дарки воқеъияти ҳуқуқи инсон дар чаҳорчубаи Қонуни асосӣ ва дигар ҷанбаҳои дигари инсон бирасанд.

Танҳо дар ин сурат мо даричаи хилофкориҳои доираҳои манфиъатхоҳро дар дохили Ҳукумати ҶТ баста метавонем, то ба ҳуқуқи инсон ва каромати ӯ эътибору эҳтиром қоил шаванд.

Адами хушунат дар Тоҷикистон муваффак буда метавонад, агар боз ҳам низоми ҳоким пуштибониеро аз хориҷ эҳсос накунад ва дарк намояд, ки обурӯи худро дар рӯ ба рӯи низомҳои демократӣ комилан аз даст медиҳад.

Агар ин роҳ пеш гирифта шавад, иншоаллоҳ мардум аз думболи ҳамин гуна сарвар хоҳанд рафт. Чун поин рафтани эътимод дар долонҳои ҳукумат ҳам эҳсос мешавад.

Бо умеди пирӯзии адолат.

More From Author

You May Also Like