Аз Дӯст пеши душман гилла макун

Аз Дӯст пеши душман гилла макунЗиёуддини Нахшабӣ,
яке аз орифони қарни ҳаштум дар китоби “Силкуссулук” аз боби насиҳат, ки дин
худ саропо насиҳат аст, чунин меорад: “Агар се кор наметавонӣ кард, боре се кор
ҳам макун. Яъне агар некӣ натавонӣ кард, боре бадӣ ҳам макун. Агар мусулмонеро манфиат
натавонӣ расонид, боре мазаррат (зарар) ҳам марасон. Агар рӯза наметавонӣ дошт,
боре гушти мусулмонеро ҳам махур, (ғайбат макун) ки ин ҳар се кор аз қоидаи
инсоф хориҷанд ва дар олам ҳеҷ ҳунаре хубтар аз инсоф нест ва ҳеҷ ҳунаре зиштар
аз беинсофӣ на. Бузургеро пурсиданд: беинсофӣ чист? Гуфт: “Аз дӯст (мурод
Худовандаст) пеши душман гилла кардан).

Бишнав-бишнав, вақте
Хоҷа Шақиқи Балхӣ, (р) заҳмати шақиқа (бемории шадид) дошт, халифа табибе тарсо
(насоронӣ) бар ӯ фиристод. Табиб гуфт: “Чӣ гунаи эй хоҷа?” гуфт: “Оқил аз дӯст пеши душман шикоят накардааст”.

Табиб аз он ҷо
бар (назди) Иброҳими Адҳам рафт, ки
устоди Шақиқ буд ва Иброҳим ҳам заҳмати азим дошт, (сахт бемор буд). Гуфт: “Чӣ
гунаӣ?” Иброҳим тамоми кайфияти шиддати заҳмати худ бо табиб бигуфт. Табиб гуфт:
“Шақиқ маро бар заҳмати худ маҳрам надошт, ту ки устоди ӯ ҳастӣ, чӣ гуна (маро)
маҳрам медорӣ?”. (Иброҳим) гуфт: “Маҳрам
намедорам, аммо ҳоли дарди хеш бо ту аз он мегӯям, то бидонӣ ҷое кӣ бо дӯстони
худ аз инҳо мекунад, бо душманон чӣ хоҳад кард!

Нахшабӣ ишқ
мазҳабест аҷиб,

Шиддаташ кас баён
нахоҳад кард.

Он кӣ арра ба
фарқи дӯст ниҳад,

Бар сари душманон
чӣ хоҳад кард?

More From Author

You May Also Like