nahzat.tj
Дар Тоҷикистон якчанд сомона, аз ҷумла, news.tj, tojnews.org, centrasia.ru, turajon.com, tjknews.com ва YouTube баста аст. Мо ба хонандагон мурҷиат кардем, ки чаро чунин шуда.
Дар овоздиҳӣ 226 нафар иштирок дошт ва аз ҳама овози зиёд 90.7% сабабро дар он медидаанд, ки мансабдорони ҳукуматӣ аз нашр шудани сухани ҳақ метарсанд, аммо барои 5.8% сайтбандӣ ин ҳимояи амнияти кишвар мебошад.
Қариб 3% хонандаҳо бовар доранд, ин сайтҳо ҷиддӣ нестанд.
Дар ҳудуди 1% аз меҳмононе ҳастанд, ки барояшон фарқе нест, кадом сомона кушодаву кадом баста.
Ташаккур аз Шумо, меҳмонони азиз барои ҳамкорӣ.
Бароятон суоли навбатӣ пешниҳод мешавад.