Categories Ахбори рӯз

Ҳамлаи Исроил ба Димишқ

Телевизиони Сурия гузориш дода, ки Исроил ду минтақа дар наздикии фурӯдгоҳи Димишқ ва Дамасро мавриди ҳамла қарор додааст.

Ба гузориши хабаргузории “Ирна”, бар асоси ин гузориш ҳамлаҳо хисороти ҷонӣ надоштааст.

Шабакаи “Алминор” дар хабаре ба нақл аз як манбаъи низомии Сурия гузориш дод, ки муқобила артиши сурия сабаб шуда, ки ҳамлаҳои ҳавоии Исроил натавонанд ба ҳадаф бирасанд.

Ин дар ҳолест, ки Исроил расман то кунун ин хабарро таъйид накарда, аммо яке аз мухангӯён артиши Исроил ба хабаргузории “Рейтерз” гуфта, ки дар бораи гузоришҳои хориҷӣ изҳори назар намекунад.

More From Author

You May Also Like