Сафорати Амрико лавозимоти заруриро, ки арзиши 115 ҳазор долларро доранд, ба қисми низомии Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон тақдим кард. Ин муҳимот аз либоси махсуси ҳимоя аз афзори гарм ва ламвозимоти размороӣ иборатанд.
Гуфта мешавад, аз ин таҷҳизот кормандони нерӯҳои махсуси Қушунҳои сарҳадӣ, ки таҳти омӯзиши мурабиёни амрикоӣ таълим гирифтаанд, истифода хоҳанд бурд. Зимнан дар маросими мазкур корманди сафорати Амрико хонум Сера Бенхел иброз доштааст, ки Ҳукумати Амрико бо Қушунҳои сарҳадӣ ва дигар сохторҳои Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани амнияти сарҳадӣ ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкории зич дорад. «Мо дар таъмин намудани амнияти сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зиддӣ нашъаҷалобон ва ифротгароён ҳадафи муштарак дорем» – гуфтааст Бенхел.