Categories Uncategorized

Асад аз сари қудрат канор меравад?

Туркия барои берун рафтан аз буҳрони Сурия тарҳи наверо бо мақомоти Маскав дар миён гузоштааст.

Бино ба гузориши расонаи арабӣ, Раҷаб Таййиб Урдуғон, нахуствазири Туркия ин тарҳи худро бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни дидори ӯ аз Истанбул дар миён гузоштааст.

Бар асоси ин тарҳ, Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия бояд қудратро дар давоми се моҳи аввали соли 2013 ба эътилофи мухолифон супорад, ки ахиран он аз сӯйи зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта шуд.

Бар асоси ин гузориш, 5 кишвар, Амрико, Қатар, Туркия, Миср ва Русия дар ҳоли баррасии ин тарҳ мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз ҳеҷ вокунише алайҳи тарҳи мазкур аз ҷониби ҳукумати Асад нишон дода нашудааст.

More From Author

You May Also Like