Атласи нав бофт дилам, душмани ин жанда шудам

Атласи нав бофт дилам,  душмани ин жанда шудам

Ринолд Николсон, мутарҷим ва шореҳи машҳури «Маснавӣ»-и Мавлавӣ ба забони англисӣ навишта, ки тарҷумааш ин тарз аст: «Ирфон сарчашмаи илҳоми Ҷалолиддини Муҳаммади Мавлавист. Аз ин сарчашма «Маснавӣ» ва «Девон» аз ду маҷрои ҷудогона фурӯ мерезад: яке рудхонаест бузургу бошукӯҳ ва орому амиқ ва дигаре ҷараёни селосои пурҷӯшу хурӯш».
Таъбири ӯ дар ҳарду маврид дуруст аст ва инак, дар ин фасл сухан аз ғазале аз Мавлавист.
Ҳар вақт ба мутолиъаи «Девон»-и Шамс мепардозам бар асари шигифтзадагӣ ва маҷзубият ҳоле ба ман даст медиҳад шабеҳи ҳангоме, ки чун ба паҳнаи бекарон ва азамати дарё менигарам, дар ӯ маҳв мешавам, ҳамон гуна, ки амвоҷи муталотуми дарё гӯё пас аз бархӯрд бо соҳил маро дар оғӯш мекашанд ва ҳамроҳи онҳо ба фарохнои уфуқ мепайвандам, ғазалҳои Мавлавӣ низ маро бо худ мебаранд ва дар онҳо ғарқ мешавам.
Ғариқ, ба фарзи он ки боз ояд, аз вусъати дарё ва амвоҷи сутург ва хурӯшанда чӣ метавонад гуфт? Тоза таъбири дарёро низ аз худи ӯ вом гирифтаам, ки он ҳама аз мавҷу дарё сухан гуфта, бад-он тамассул ҷустааст. Гумон мекунам, сухани касоне низ, ки бо Мавлавӣ ва шеъри ӯ ошно шудаанд, бештар намудори аъҷоб ва таҳсину таъзими онҳост, назири Николсон, ки «Девон»-и Шамсро «падидаи адабии шигифтовар» ангошта, Мавлавиро «бузургтарин шоъири орифи ҳамаи аъсор» номида, ё Ҳегел, ки вайро ба унвони яке аз бузургтарин шоъирон ва барҷастатарин мутафаккирони таърихи ҷаҳон сутудааст, Арберри, ки Мавлавиро ба таври мусаллам азимтарин шоъири орифи таърихи башар ва яке аз бузургтарин шоъирони олам дониста, устод Фурӯзонфар, ки вайро «маъдани ҳақойиқ ва сарчашмаи файёзи маърифат» хонда, Даштӣ, ки аз таъсири газалиёти Мавлоно дар ҷону дил ҳамон таъсири жарфи мусиқиро ёфта, ӯро «шоъири шоъирон» шинохтааст.
Мавлоно дархури ҳамаи ин ситойишҳост ва мутафаккир ва шоъире ба тамоми маъност. Агар яке аз шаройити шеъри ноб асолати мазмуну муҳтаво ва ибдоъу ибтикор бошад, ин хасиса дар ғазалҳои Мавлоно ба камол аст. Тозагии дарунмоя дар шеъри Мавлавӣ ва сурату забони он чандон вофир ва саршор аст, ки дар ҳар ғазали ӯ қадам ба қадам бо кайфияте навпадид рӯ ба рӯ мешавем. Ҳанӯз аз як шигифтӣ берун наёмадаем, ки нағмае дигар ва пардае чашмнавозтар моро маҳсур ва маҷзуб мекунад ва пас аз он байте пуртароваттар…, мисли рақси шӯълаҳои оташ, ки ҳар лаҳза ба ҳолатест ва ҳарчи ба он бингарӣ сер намешавӣ.
Дар «Девон»-и Мавлоно ғазалҳои бадеъ ва тозаю шӯрангез фаровон ва шеъри ӯ аз ҳар ҳайс бо сурудаи ҳамаи авзон дар шоъирони забони форсӣ мутафовит аст. Ҳофиз, ки ба яқин шоъире бузург ва ғазалсарое ҳунарманд аст, дар бисёре маворид аз шеъру мазмун ва таъбири пешиниён мутаъассир мебошад. Аммо ғазалиёти Мавлоно чунин нест, ҳолате хоси худ дорад, мумтозу бемонанд. Аз назари нерӯи тахаййул ва офариниши сувари хаёл «Девон»-и Шамс аз ғанитарин намунаҳои шеъри форсист. Тасвиргарии ӯ тоза, зебо, ҳунармандона ва аъҷобангез аст.
Аннемари Шиммел бахши умдае аз яке аз осори ахири худро ба мавзӯъи сувари хаёл дар шеъри Мавлоно ихтисос додааст. Яке аз дӯстони фозили банда низ китобе мустақил дар ин замина навиштааст…
Ба илова, забон ва тарзи таъбири Мавлавӣ дар ғазалиёт ва мусиқии сеҳросои шеъраш чандон вижа ва мунфард аст, ки ба шеъри ҳеҷ шоъире намемонад ва мисдоқи таъбири Колриҷ аст дар китоби «Сайраи адабӣ», яъне комилан ихтисосӣ ва мушаххас. Ин мояи тафовут ва барҷастагию имтиёз нисбат ба шеваҳои мутаъориф ва маъҳуди шеър ба ғазали Мавлавӣ сабғае бахшидааст, ки бояд ӯро ба ҳақ шоъире соҳибсабк донист, сабке наву бебадил, ки дар қолиби таъбироти маъмул намеғунҷад; ин байти ӯ шеърашро низ дар бар тавонад гирифт:
Навбати кӯҳнафурӯшон даргузашт,
Навфурӯшонему ин бозори мост,
Беҳтар аст ғазале аз «Девон»-и Шамсро бо ҳам бихонем, то бисёре аз ин вижагиҳоро дар он бубинем:
Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати ишқ омаду ман, давлати поянда шудам.
Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,
Заҳраи шер аст маро, Зуҳраи тобанда шудам.
Гуфт, ки «Девона найӣ, лойиқи ин хона найӣ»,
Рафтаму девона шудам, силсилабанданда шудам.
Гуфт, ки «Сармаст найӣ, рав, ки аз ин даст найӣ»,
Рафтаму сармаст шудам в-аз тараб оганда шудам.
Гуфт, ки «ту кушта найӣ, дар тараб оғушта найӣ»,
Пеши рухи зиндакунаш куштаю афганда шудам.
Гуфт, ки «Ту зиракакӣ, масти хаёлию шакӣ»,
Гӯл шудам, ҳавл шудам в-аз ҳама барканда шудам.
Гуфт, ки «Ту шамъ шудӣ, қиблаи ин ҷамъ шудӣ»
Ҷамъ наям, шамъ наям, дуди пароканда шудам.
Гуфт, ки «Шайхию сарӣ, пешраву роҳбарӣ».
Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.
Гуфт, ки «Бо болу парӣ, ман пару болат надиҳам»,
Дар ҳаваси болу параш бе пару парканда шудам.
Гуфт: «Маро давлати нав, роҳ марав, ранҷа машав,
3-он ки ман аз лутфу карам, сӯи ту оянда шудам».
Гуфт: «Маро ишқи куҳан, аз бари мо нақл макан»
Гуфтам: «Оре, наканам, сокину бошанда шудам».
Чашмаи хуршед туйӣ, ‘соягаҳи бед манам,
Чунки задӣ бар сари ман, пасту гудозанда шудам.
Тобиши ҷон ёфт дилам, во шуду бишкофт дилам,
Атласи нав бофт дилам, душмани ин жанда шудам.
Сурати ҷон вақти саҳар лоф ҳамезад зи батар,
Бандаю харбанда будам, шоҳу худованда шудам.
Шукр кунад коғази ту аз шакари беҳади ту,
К-омад ӯ дар бари ман, бо вай монанда шудам.
Шукр кунад хоки дижам аз фалаку чархи баҳам:
К-аз назару гардиши ӯ нури пазиранда шудам.
Шукр кунад чархи фалак аз малику мулку малак,
К-аз караму бахшиши ӯ равшану бахшанда шудам.
Шукр кунад орифи Ҳақ, к-аз ҳама бурдем сабақ,
Бар забари ҳафт табақ ахтари рахшанда шудам.
Зуҳра будам, моҳ шудам, чархи дусадтоҳ шудам.
Юсуф будам, зи кунун, Юсуфи зоянда шудам.
Аз туам, ай шуҳра Қамар, дар ману дар худ бинигар
К-аз асари хандаи ту гулшани ханданда шудам.
Бош чу шатранҷ равон хомӯшу худ ҷумла забон,
К-аз рухи он шоҳи ҷаҳон фарруху фархунда шудам
Аз матлаъи ин ғазали дилангез шодию сурур сотеъ аст. Ин шодию шӯр тобише аз ризояти дарун ва саъодати маънавии Мавлоност, орифе сармаст аз ишқи Ҳақ, ғарқа дар амвоҷи нури хуршеди ҷон, рӯҳаш чунон саршор аз шукуфтагӣ ва шодӣ аст, ки ҳамаи мазоҳири оламро аз ин фурӯғ равшан мебинад.

Чун гул ҳама тан хандам, н-аз роҳи даҳон танҳо,
Зеро ки манам бе ман бо шоҳи ҷаҳон танҳо.

Чи ҳолати зебоест ин мояи маҷзубӣ ва таслиму фано дар ишқи Худо!
Инъикоси ин рӯҳия дар ашъори Мавлоно бисёр аст ва хонандаи соҳибдил низ аз ин бодаи ҷонбахши ӯ шодком мешавад.

(идома дорад)

More From Author

You May Also Like