Суҳроби Ваҳҳоб
nahzat.tj
Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов мегӯяд, ӯ мухолиф риш доштани ҷавонон мебошад.
Бино ба гузориши расонаи хабарии Бӣ-Бӣ-Сӣ, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон рӯзи 22-декабр ҳангоми дидори худ аз ноҳияи Ёвон бо ишора бар ин ки мухолифи риш гузоштани ҷавонон мебошад, гуфтааст: “Ман ҷиддӣ мегӯям, ҷавон набояд риш дошта бошад”.
Дар ҳоле, ки аз нигоҳи ҷаноби Афзалов ҷавонон набояд риш дошта бошанд ва худи ӯ бо риш гузоштани ин қишр зид мебошад, яке аз рӯҳониёни ин ноҳия Муҳаммаднабӣ Бобиев мегӯяд: “Доштани риш барои мо мусулмонон суннати паёмбар аст. Аммо агар дастур ё қонуне тасвиб шавад, мо дигар маҷбур ҳастем, ки итоат кунем”.
Аз сӯйи дигар, ба ақидаи Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон манъ намудани шаҳрвандон аз гузоштани риш хилофи қонун мебошад. “Пешгирӣ кардани ришдорон аз мондани риш на танҳо бо Қонуни асосӣ, балки бо Қонуни “озодии виҷдон ва ташкилоти динӣ” низ мухолифат дорад.”-гуфтааст, мавсуф дар як сӯҳбати худ бо хабарнигорон.
Инчунин ҷаноби Афзалов фаъолияти имом-хатибон ва рӯҳониёни ниҳояи мазкурро зери тозиёнаи танқид қарор дода, гуфта, ки бархе аз ин мулоҳо бошанд, таҷлили соли навро гӯноҳ хондаанд. Номбурда шояд, ба хотири “ислоҳ” намудани ин иштибоҳи мулоҳои мазкур бошад, ки ба масъулони ноҳияи Ёвон дастур додааст, то дар майдони марказии ноҳия арчаи солинавӣ биороянд. Раиси вилоят дар идома ҳодисаи рондашудани як фарди машрубхӯрда аз масҷидро ғайри қобили қабул хонда гуфта, ки мавъизаҳои рӯзи ҷумъаи имом-хатибони масоҷид дар як сатҳи паст қарор дорад.
Ин дар ҳолест, ки оқои Бобиев мегӯяд: “Дар масоҷид мавъизаҳоямонро ба сулҳу ва истиқлоли кишварамон мебахшем.