Бино ба иттиллои Агентии омори Тоҷикистон гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали моҳи январ то майи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31,7%, афзуда, ба 1,86 млрд. доллари ИМА расидасидааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми молу маҳсулоти воридотӣ ба Тоҷикистон нисбат ба содиротӣ зиёд аст. Молу маҳсулоти воридотӣ ду баробари ҳаҷми молу маҳсулоти содиротиро ташкил додааст. Дар панҷ моҳи соли равон молу маҳсулоти Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 670,8 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Хабар дода мешавад, ки Тоҷикистон бо 86 давлати ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ намуда, аз ҳама бештар робитаи тиҷоратии худро бо давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил афзоиш додааст, ки гардиши молу маҳсулот бо давлатҳои ин иттиҳод 43,5%-ро ташкил намудааст.Мавриди зикр аст, ки тайи ин муддат шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон ин давлатҳо дониста шудаанд: Федератсияи Русия – 415,3 млн. доллар, Ҷумҳурии Мардумии Чин – 285,8 млн. доллар, Туркия – 280,4 млн. доллар, Қазоқистон – 167,4 млн. доллар, Эрон – 85,5 млн. доллар
Categories
Ахбори рӯз