Categories Ахбори рӯз

Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон

Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ содироти барқ ба Афғонистонро афзоиш додааст.

Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, Вазорати рушд ва иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон эълом кардааст, ки тайи моҳи ноябр аз ду неругоҳ барқӣ обии Сангтуда 1 ва 2 беш аз 55 млн кВт соат барқ ба Афғонистон мунтақил шудааст.

Хабари афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон дар ҳоле мунташир мешавад, кидар дохили кишвар аз ибтидои моҳи октябри соли ҷорӣ лимити барқ роҳандозӣ шудааст.

Аз тарафи дигар, сомонаи иҷтимоии “barknest.tj”, ки дар дохили Тоҷикистон тавассути Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагон роҳандозӣ шудааст ва бар интиқоли барқ ба шаҳрҳо ва рустоҳои кишвар назорат дорад, таъкид кардааст, ки акнун сокинони аксари манотиқи ин кишвар танҳо 5 то 6 соат дар шабонарӯзӣ барқ доранд.

Дар Тоҷикистон барқи мавриди ниёзи ин кишвар тавассути неругоҳҳои барқӣ обӣ тавлид мешавад, ки дар тобистон мардум мушкилӣ надоранд, аммо дар зимистон ба далели кам шудани мизони об дар рӯдхонаҳо ба камбуди барқ рӯ ба рӯ мешаванд.

More From Author

You May Also Like