4
сентябри соли равон дар пойтахту атрофи он хун рехт, хуни чанд ҷавонмарди
тоҷик… Модарони хору дилозор бо оҳу шева ҷигарбандҳои ба ҷон баробари аз
дастдодаашонро ба манзили охират гусел мекунанд… Падарон дарун ба дарун
амсоли кундаи тар дар сӯзишанд…
Чӣҳодисае рух дод ва кӣ таҳрикдиҳандаи ин ҳама бесарусомониҳост, касе чизе гуфта
наметавонад. Аммо яқин аст, ки омиле сабаби чунин низоъ гашт… Наход худ аз
худ ҳодисае рух диҳад ва чанд афсари вазорати дифоъ, ки серу пур ва мушкилоте
пешорӯ надоштанд, чӣ омил онҳоро водор кард, ки даст ба тазоҳуроти низомӣ
зананд. Магар метавон инро тазоҳуроти низомӣ ном бурд?
Аммо…
даст ба силоҳ бурдану одам куштан магар роҳи ҳалли мушкилот аст? Афғонистон
солҳои тӯлонист, ки дар оташи ҷанг месӯзад ва аз хурд
то пири ҳафтодсолаи ин кишвар бо худ силоҳ доранд. Агар силоҳу зурӣ роҳи ҳалли
мушкилот мебуд, пас ким- кайҳо дар ин сарзамин тартибот ҷорӣ буд.
Чизи
дигар он аст, ки мо тоҷикон мухолифату рақобатро дар қатлу куштору ба
зиндонафкании ҳам мебинем. Магар ин гуфтаҳоямон дурӯғанд?
Пас, чаро мақомоти кишвар дар тамоми қаламрави Тоҷикистон садди фаъолияти ҲНИТ
шуданд, аъзои онро латукӯб карданд ва аз
тамоми фишангҳои фишороварӣ алайҳи онҳо истифода карданд. Магар бо роҳи
машварату маслиҳату музокирот намешуд, ки мақомоти кишвар бо ҲНИТ пушти миз
менишастанду мушкилоти мавҷударо ҳал мекарданд? Мақомдорони
кишвар чунин корро барои худ эбу муносиб надонистанд ва намедонанд. Бо кибру ғурур аз дастовардҳои набуда ҳарф
мезаданду миннат болои миллат мегузоштанд. Дар урфият мегӯянд, хирадманд касе
ҳаст, ки аз гузашта сабақ мегирад, аммо… Баъзе доираҳои тангназару масъулони “бемасъулият”
фаромӯш карданд, ки замоне ҲНИТ ва роҳбарони дурандеши он буданд, ки дасти
бародариву ватандориро дароз карданд ва миллату кишварро аз ботлоқи нобудӣ ба
сӯи нуру наҷот роҳнамоӣ намуданд. Замоне онҳо ин корро карданд, ки қудрату
тавоноии кофӣ барои идомаи мубориза доштанд. Онҳо сулҳро боарзиштар ва болотар
донистанд. Бо ҳукумати аз ҳолрафтае созиш карданд, ки чизе дар муқобили онҳо
надошт…
Бо гузашти солҳо ғуруру кибр, нодидабинӣ ва боломанишӣ
чунон боло гирифт, дигар ин тоифа ҳатто як қадам пештар аз худро надиданд. Ҳама
чизро ба “олиҳимат” будани худ донистагӣ шуданд. Магар дурандешу хирандманд шарики
сулҳу ваҳдати худро фаромӯш мекунад ё намебинад? Сохтаву бофта мардумро фишор
оварданд, то ҲНИТ-ро нодида бигиранд, ҳеҷ нишон бидиҳанд… Боре ба худ савол
надоданд, ки оё метавон наҳзатеро, ки таҷрибаи беш аз чилсола дорад, ба ин
роҳатӣ канор зад…?
Мо, ки имрӯз дур аз Ватанем ва моро маҳз чунин
ноадолатиҳо водор ба мусофират карда, ҳар гуна низоъи мусаллаҳонаву зери пой
намудани ҳуқуқҳои инсонҳоро сахт маҳкум
мекунем. Зӯриву зӯрманишӣ ҳеҷ гоҳ роҳи ҳалли масъала набуд ва нахоҳад
буд. Аммо аз як чиз хеле нороҳату навмеду дилшикастаем: чаро ниҳодҳои
қудратии кишвар маротибе ба Сарқонун ва дигар қавонини ҷории кишвар назар
намеандӯзанд, то фаъолияти худро дар чаҳорчӯбаи
қавонини кишвар роҳандозӣ кунанд? Балки хилофи қонунҳои ҷорӣ амал карда ҳар
хостаи худро болои рақибонашон таҳмил мекунанд. Худ қазоват кунед, ба хотири
зарба задан ба ҲНИТ аз заминченкун сар карда, то
сухторхомӯшкунаку барқчиву тоҷикстандарту андозу дигар ниҳодҳо ба қароргоҳи
ҲНИТ ҳамлавар шуданд. Қуфл бар дари қароргоҳ овехтанду фаъолияти ҲНИТ-ро дар
қароргоҳ манъ намуданд. Чанд рӯзе гузашту Вазорати
адлияи кишвар огоҳиномае ирсоли ҲНИТ кард ва эълон намуд, ки фаъолияти ҲНИТ
ғайриқонунист.
Даст
ба чунин амал задани мақомдорони тоҷик касро хеле нороҳат мекунад. Чунки онҳо
аз ваколатҳои хизматиашон берун шудаанд ва аз мақому мансаб сӯиистифода карданд вамекунанд. Аммо дар Тоҷикистон касе нест, ки ҷилавиин ҳама қонуншиканиҳоро бигирад…
Бинобар зулму таҳқиру фишор болои аъзои ҲНИТ аксар водор
шудаанд то тарки диёру меҳан кунанд. Онҳое, ки дар ватананд ҳар лаҳза эҳсоси
тарсу даҳшат дар сар доранд, худро дар Ватан бегона меҳисобанд… Хурсанд аз он
будем, ки дар пойтахт анҷумани ҲНИТ баргузор мегардаду самти фаъолияти ояндаи
ҳизб муайян мешавад ва дигар таъқибу таҳдиди аъзои ҲНИТ поён меёбад. Аммо ҳодисоти
хунин дар пойтахту атрофи он рухдода ҳама умеду орзӯҳои некамон барбод дод. Маълум аст, ки ҳодисаи мазкур бозии
навбатии мақомдорони тоҷик барои “пурра”саркӯб кардани ҲНИТ аст. Мо аз онҳо пурсиданием, ки оё боре ба худ андешидаанд, ки бо
саркӯб кардан метавонанд, пеши роҳи мардумро гирифт ё даҳони мардумро баст?
Бояд ба ин савол ҷавоб бидиҳанд.
Назари мо ин аст, ки қазияи ҲНИТ бояд дар сатҳи олӣ, аз
тарафи Президенти кишвар Э. Раҳмон дида шавад ва маҳз Президент дар ростои
қонуншиканиҳо, фишор болои аъзо ва сохтакорона ҷамъоварии имзову қатъ кардани
фаъолияти бахшҳои ҲНИТ дар маҳалҳо хулоса ва баҳои худро ба бархурди мақомоти
иҷроияи маҳаллӣ ва вазорату идораҳои ҳукумат ҳамчун Сарвари давлат ба ҷомеа
пешниҳод кунад. Зеро ӯ кафили боэътимоди сулҳу осоиштагӣ ва амнияту бехатарии
мардум дар Тоҷикистон аст. Мо низ ҳарчанд узви ҲНИТ-ем аммо як пораҷигари ин миллатем ва умед дорем, ки қазия ҳалли
мусбии худро пайдо мекунад. Ҳамаи мо дар Ватан соҳиби волидайну фарзандонем ва
намехоҳем, ки онҳо дар оташи фироқу дурӣ сухта обуадо гарданд. Намехоҳем, ки
модарон ашк резанд…
Гурӯҳи 63 нафараи аъзои ҲНИТ аз Русия