Бардошти азмшикан

“Оё намебинанд, ки Мо (барои онҳо) ҳарами амне қарор додем, дар ҳоле ки мардум аз атрофи онҳо рабуда мешаванд?! Оё ба ботил мегараванд ва ба неъмати Худо куфрон меварзанд?!” (Сураи Анкабут, ояти 67).
Оғози ин оят посухи мантиқиест ба тоифаи ба ном андешманди мушрикон, ки гӯё дар дил ҳаққонияти Исломро эътироф мекарданд, вале бар асоси андешаҳое рӯйи манофеъи шахсӣ ва қавмӣ аз имон овардан ба Худои ягона ва пайравӣ аз Расули Ӯ (с) худдорӣ менамуданд.
Барои бештар равшан шудани мафҳуми ин оят ба қисмати аввали ояти 57 сураи Қасас бояд таваҷҷуҳ кард, ки мефармояд: “Ва гуфтанд: “Агар бо ту аз ҳидоят пайравӣ кунем, аз сарзамини худ рабуда хоҳем шуд…” Яъне афроди қабилаи Қурайш дар баробари қабоили мушрики нимҷазираи Араб ниҳоят кам аст, агар ҳамроҳи ту бо сарсупурдагӣ ба Худованд имон биёрем, тамоми мушрикони араб бо мо чап шуда, бар алайҳи Қурайш бармехезанд ва қатлу куштор ва ғорату тороҷро роҳ андохта, аз ватанамон берун мекунанд.
Ин навъ баҳонаҳо барруста аз замини қалби мушриконест, ки бо вуҷуди эътирофи Худои ягона, ба дарки воқеъии сифатҳои қудрату иззати Парвардигор намерасиданд ва дар ҳамаи масоили ҷаҳони ҳастӣ усулан рӯйи авомил ва асбоби модӣ такя карда, авомили раббониро нодида мегирифтанд ва намедонистанд, ки Худованд ба дӯстонаш чӣ гуна ёрӣ медиҳад ва душманонашро чи тавр дарҳам мешиканад.
Бояд хотиррасон кард, ки қавми араб пеш аз Ислом дар фазои носолим ва пур аз ихтилофу низоъ ва ҷангу хунрезӣ ба сар мебурданд. Як қабила ё якчанд қабоил бо баҳонаҳои мухталиф ба қабилаи дигар ҳуҷум оварда, бераҳмона даст ба қатлу куштор мезаданд ва қабилаи ғолиб дороӣ ва молу сарвати қабилаи мағлубро ба ғорат мебурд ва афродашонро ба асорат мегирифт. Ин ҳолати буҳронӣ ва фазои тарсу ҳарос ва ҷангу ҷидол ба таври ҳамеша идома дошт. Вале ин ҳама нооромиҳо дар беруни сарзамини Макка сурат мегирифт, зеро мардуми араб аҳли Маккаро ба хотири муҳофизати Хонаи Худо эҳтиром мекарданд ва онҳоро пешвоёни динӣ эътибор карда, болои эшон ҳуҷум намеоварданд. Аз ин рӯ Худованд дар посухи мулоҳазаи онҳо неъмати амниятеро, ки ба мардуми ин сарзамин ато фармудааст, хотиррасон карда мегӯяд: “Оё намебинанд, ки Мо (барои онҳо) ҳарами амне қарор додем, дар ҳоле ки мардум аз атрофи онҳо рабуда мешаванд?
Мазмуни оят чунин аст: Оё онҳо намебинанд ва сари ин мавзӯъ намеандешанд, ки Мо сарзамини Маккаро макони муҳтарам ва як ҳарами амн қарор додаем ва онҳо ба баракати неъмати амнияти худододӣ дар фазои амну амонӣ зиндагӣ доранд, дар ҳоле ки дигарон дар атроф ва перомуни онҳо, яъне қабоиле, ки аз марзи ҳарам берун зиндагӣ мекунанд, дар ноамнӣ ба сар мебаранд. Онҳо ба иллати душманӣ бо якдигар мавриди ҳуҷум ва қатлу асорати ҳамдигар қарор мегиранд ва аз хонаҳояшон рабуда мешаванд. Ва Худованд, ки қурайшро, дар ҳоли ширкварзӣ ва бутпарастияшон, аз вазъи ноором ҳифз намудааст, оё баъди имон оварда ба Ислом гаравиданашон, онҳоро аз душманони дин муҳофазат намекунад?
Оят баъд аз хотиррасон кардани неъмати бузурги амнияти Макка, ки сазовор аст шукри онро ба ҷо оранд ва бо ихлоси том Худоро ибодат намоянд, зимнан аксуламали онҳоро сарзаниш менамояд: “Оё ба ботил мегараванд ва ба неъмати Худо куфрон меварзанд?” Оё баъди зоҳир шудани ҳақ ва субути далоили саҳеҳ бар имони ба Худои ягона, ба ҷои он ки амнияти худододаро эҳтиром намоянд ва аз Парвардигори мунъим сипосгузор бошанд, носипосӣ мекунанд ва ба ботили хаёлӣ имон меоранду ба Ӯ ширк меварзанд?
Бояд гуфт, мазмуну муҳтавои ин оят инони тафаккури хонандаи андешмандро аз замони Паёмбари гиромӣ ба асрҳои баъдӣ ва ба фазои замони имрӯзу фардои дур мебарад. Дар тамоми манотиқи мусалмоннишини олам дар ҳамаи замонҳо, кам нестанд афрод ва гурӯҳҳои азиме, ки хавфи ҳалокати миллати мусалмон, зери хатар рафтани амнияти миллии миллате, таҳдид ба якпорчагии кишвари мусалмоннишине ва ба инҳо монанд масоилеро узри монеъ аз гароиши комил доштан ба Ислом қаламдод карда, аз душмании мусаллаҳонаву нақшаҳои шайтанатии қудратҳои ҷаҳонӣ метарсонанд. Ин баҳона яке аз василаҳои зери фишору тазйиқ қарор додани ҳаракатҳои исломии олам буда, аз ин фишанг на танҳо дар арсаи байналмилалӣ ва ё дар дохили як кишвар истифода мешавад, балки афроди озодандеши исломӣ ва ҷавонмардоне, ки ифтихори сарсупурдагӣ ба Исломи воқеиро доранд, дар ҳалқаи хонадонашон зери фишор қарор мегиранд. Ин тарзи тафаккур ва бардошти азмшикан аслан решаи дингурезӣ дошта, аз манбаъҳои куфри ҷаҳонӣ сарчашма мегирад ва ба тадриҷ дар зеҳнҳои ба ном донишмандону андешварони мусалмон ҷой гирифта, ба гӯши оммаи мусалмонон ба оҳанги хайрхоҳӣ садо медиҳад ва мақбули зеҳни содаи онон мегардад. Ва бо ҳамин, рангу бӯи мафҳуми усулии он ки асли пирӯзӣ дар дасти Худованди тавоност, дар тасаввуроти бандагони Ӯ таъоло коҳиш дода мешавад. Аз ин лиҳоз Худованд тазаккур медиҳад:
“Нусрату пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Худост, ки Худованд шикастнопазири Фарзона аст”. (Сураи Анфол, ояти 10).
Зубайдуллоҳи Розиқ

More From Author

You May Also Like