Рӯзи ҷумъа нисфирӯзӣ хабар дода шуд, ки ташрифи Президенти Тоҷикистон рӯзҳои 15 – 18 декабри 2012 дар Туркия баргузор гардид. Дар натиҷаи ин сафари Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон якчанд шартномаҳои ҳамкорӣ дар бисёр соҳаҳо бо ҷониби Туркия баста шуд…
Хонандаи азиз, ба фикри шумо ин хабарро мардум дар куҷо шунидаанд?
А. Аз телевизион
Б. Аз радио
В. Аз сухани имом – хатиби як аз масоҷиди ҷомеи шаҳри Душанбе
Танҳо аз 18-сола боло
Рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеи шаҳр 4000 калонсолон, саҳеҳтараш аз нафарони аз 18-сола боло намоз гузоштанд. Дар назди дарҳои масҷид чор нафар полис вазифаи худро софдилона иҷро карда, бачаҳои ба масҷид омадаро ҳуҷҷат мепурсиданд ва чун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи синну солро намегирифтанд, бачаҳоро ба хонаи Худо даромадан намемонданд. Баръакс, аз бачаҳо номи падару модар, рақами мактаб ва синфашонро мепурсиданд.
Хонандаи азиз, ин гуна рӯйдод дар кадом кишвар шудааст?
А. Дар як аз масҷидҳои Ню Йорки Амрико
Б. Дар яке аз ибодатгоҳҳои Лондони Бритониё
В. Дар яке аз масҷидҳои Душанбеи Тоҷикистон