Categories Ахбори рӯз

Намояндаи маҷлиси Англия: Эрон кишваре бузург дар минтақа аст

Намояндаи маҷлиси Англия: “Бояд гуфт, ки Ғарб қудрати Эронро дастикам гирифтааст, дар ҳоле ки Эрон як кишвари бузург ва соҳиби қудрати волое мебошад. Эронро намешавад аз байн бурд …. ”.

Ба гузориши як манбаъи интернетӣ, ба нақл аз шабакаи хабарии “Осушейтедпресс” навиштааст, ки Ҷон Борн намояндаи маҷлиси Англия, рӯзи 14.03.12 дар мусоҳиба худ гуфт, ки муборизаи низомӣ алайҳи Эрон мантиқӣ ва оқилона нест. Ман фикр мекунам, ки сиёсати зурӣ, ҷанг комилан шикаст хурдаанд. Ҳамзамон сиёсати қудратнамоӣ ва таҳриму фишор низ сиёсатҳои кадимӣ ҳастанд. Эрон ҳамчунон мухолифат мекунад ва ин сиёсатҳо наметавонад Эронро аз идомаи фаъолияти ҳастаии ин кишвар манъ кунад.

Намояндаи Англия дар мавриди сиёсатҳои Ғарб алайҳи Эрон гуфт, ки бояд Ғарб сиёсатеро пеш гирифтааст, ки наметавонад Эронро зараре расонад. Зеро Эрон дар навбати худ як кишвари пурнуфуз дар минтақа ба шумор меравад. Дар баробари ин раванди кунунӣ алайҳи Эрон ба шикаст анҷом меёбад ва дар он пирӯзие дида намешавад. Ба ақидаи ӯ ҳамла ба Эрон тавассути Амрико ва ё дигар кишварҳо ғайри нокомӣ дигар паёмаде нахоҳад дошт. Бояд гуфт, ки Эронро намешавад дар як шаб нобуд кард.

More From Author

You May Also Like