Дар зиндагии ҳар сиёсамадор лаҳзаҳои меҳварие вуҷуд дорад, ки ӯ вазифадор аст ба таври равшан ва содиқона мавқеъият ва нигариши худро, аз ҷумла дар бораи масъалаҳои барои ҳар як сиёсатмадор ҳассос, баён дорад. Зеро ин масъалаҳо ба таври вижа ба фаъолиятҳои ӯ ва ба таври умумӣ бо сарнавишти ӯ вобастаанд. Яке аз чунин масъалаҳо, масъалаи ифои вазифаи раиси ҳизб, аз ҷумла раиси ҲСДТ мебошад. Бинобарин ман бо эҳсоси масъулият изҳор медорам, ки мӯҳлати кунунии ман дар мақоми раиси ҲСДТ охирин мӯҳлат мебошад. Ин мӯҳлат тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад.
Ва нуктаи дигар ин аст, ки ҳар гуна гуфтугӯи сиёсӣ, бавижа ваъда ва баёноти ҳамагонии сиёсатмадор, ки бо нишон додани мӯҳлати иҷрои он изҳор гардидааст, бояд бечунучаро амалӣ гардад. Ин усул барои ман ҳам усули муқаддас ба ҳисоб меояд. Ҳанӯз соли 2011 тайи конфронси онлайн бармало изҳор дошта будам, ки дар интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015 дар сатри аввали рӯйхати ҲСДТ на номи Раҳматилло Зойиров, балки номи дигар намояндаи ҲСДТ хоҳад буд. Барои ман, чун ба як сиёсатмадор, ба суханам содиқ мондан аз ҳар чизи дигаре муҳимтар аст. Аз ин рӯ, бори дигар изҳор медорам, ки рӯйхати ҳизбии ҲСДТ дар интихоботи парламентии соли 2015 бо номи намояндаи дигари ҲСДТ оғоз хоҳад шуд.
Чаро ин баёнияро интишор мекунам? Ҳам дар зиндагии воқеъӣ ва ҳам дар зиндагии виртуалӣ «фейк»-ҳое пайдо хоҳанд шуд, то ин баёнияро ҳамчун реклам кардани худам тафсир намоянд. На, ҳаргиз! Ман чунин мешуморам, ки дар вазъияти баамаломада, бавижа дар ҳолате, ки ба изҳорот ва сухани худ содиқ мемонам, пешрафту тавсеаи ҳизб ва навсозии он аз ҳар кори дигаре муҳимтар аст. Зеро барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ҳам вақт ва ҳам имкониятҳо кофӣ мебошанд.
Мусаллам аст, ки чунин пурсише ба миён ояд: дар интихоботи парламентии соли 2015 кӣ дар сарсатри рӯйхати ҳизбии ҲСДТ хоҳад буд ва дар тирамоҳи соли 2015 мансаби раиси ҲСДТ-ро кӣ ишғол хоҳад кард? Раиси ҳизб ҳар касе аз аъзои Шӯрои Сиёсии ҲСДТ ва ё ҳар фаъоли ҲСДТ метавонад бошад, новобаста аз ин ки номзад ба раис аз марказ аст ё аз нуқтаи дигари кишвар, дар дохили кишвар зиндагӣ мекунад ва ё дар муҳоҷират қарор дорад. Муҳим ин аст, ки ӯ дар ҷалб намудани аъзои муносиб ба хотири навсозӣ ва баланд бардоштани обрӯи ҳизб беҳтарин амалкардҳои ҳизбӣ нишон дода бошад. Номи беҳтарин ва муносибтарин номзадҳоро Шӯрои Сиёсии ҲСДТ муайян менамояд ва интихоби раисро анҷумани ҲСДТ ҳаллу фасл мекунад.
Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ моҳи декабри соли 2014 баргузор мешавад ва дар он рӯйхати нави ҳизбии ҲСДТ тасвиб мегардад. Албатта, масъалаи интихоби раиси нави ҲСДТ аз бисёр ҷиҳат аз натиҷаҳои интихоби намояндагони ҲСДТ ба мақомоти интихобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Маҷлиси намояндагон, вобастагӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир ман метавонам танҳо як нуктаро равшан баён дорам: ин рӯйхат бо номи намояндаи нави ҲСДТ, ки ӯ ҳатто мумкин аст яке аз занҳои фаъоли ҳизб бошад, оғоз мегардад. Аммо барои ман мӯҳлати иҷрои вазифаи раиси ҲСДТ дар тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад. Анҷумани ҳисоботиву интихоботии ҳизб, ки маро раис интихоб карда буд, 4 декабри соли 2011 баргузор шуда буд, ки мутобиқан дар моҳи декабри 2015 ҲСДТ-ро бояд раиси нав сарварӣ намояд. Ва ин сарварро анҷумани ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ, ки дар охири моҳи ноябр ё аввали моҳи декабри соли 2015 баргузор мегардад, интихоб хоҳад кард.
Солҳои 2014-2016 – барои Ҳизби сосиал демократи Тоҷикистон солҳои навсозӣ хоҳанд шуд! Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳоли ҳозир шумораи кофии фаъолоне парварда шудаанд, ки метавонанд ба таври шоиста ҳам дар аввали рӯйхати ҳизб бошанд ва ҳам ҳизбро роҳбарӣ намоянд. Бо вуҷуди ин, кори тарбияи кормандон, бавижа аз ҳисоби ҷавонон, вогузор кардани самтҳои муҳим ба ҷавонони масъулиятпазир идома ва устувортар хоҳад ёфт. 20 моҳи боқимондаи худро дар вазифаи сарвари ҲСДТ ман ба таври куллӣ ба тарбия, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва пешбарии раҳбарони нави ҳизбӣ сарф хоҳам кард. Ва мехоҳам ба ин нукта равшанӣ андозам, ки ин баёнияро бо Шӯрои Сиёсии ҲСДТ мавриди машварат ва мувофиқат қарор надодаам. Шояд бархе аз таҳлилгарон изҳор намоянд, ки ин иқдоми ман метавонад боиси нофаҳмӣ ва ҳатто парокандагӣ дар сафҳои ҲСДТ гардад ва бо тағйир ёфтани сиёсати ҲСДТ анҷом гирад. Итминон медиҳам, ки дар сафи ҲСДТ ҳеҷ парокандагие рӯй нахоҳад дод. Сиёсати ҲСДТ на то он рӯзе, ки ман сарвараш ҳастам ва на баъд аз ман тағйир нахоҳад ёфт. ҲСДТ ҳамеша ҳизби қонун, адолат, виҷдон ва аъзову роҳбарони наваш аз хиради сиёсӣ бархурдор хоҳанд буд.
СОЛҲОИ 2014-2016 – БАРОИ ҲСДТ СОЛҲОИ НАВСОЗӢ МЕБОШАД!
Раиси ҲСДТ