Categories ТАҲЛИЛ

Баҳсе миёни намояндаи ҲНИТ бо мақомдори ВКД

«Шӯҳрат Арбобов, сардори Шуъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои мутташакил дар минтақаи Зарафшон дар заминаи паст задани шаъну шарафи беш аз 40 ҳазор аъзои Наҳзати Исломии Тоҷикистон бояд узрхоҳӣ намояд», гуфт дар сӯҳбат бо мо раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент Сино Ҳасанзода.

Бале, тавре аз сӯҳбат бо ин бародар маълум гашт, рӯзи 10.09.14 ишон бо талошҳои зиёд тавониста, ки бо мақомдоре дар ниҳодҳои ВКД, маъруф ба «шестой отдел» дар утоқи кориаш дар шаҳри Панҷакент сӯҳбат намуда, тухматзаниву сиёҳкуниҳои бедалели ӯро нисбати ҲНИТ ошкор ва ба исбот бирасонад.
Қабл аз ворид шудани Сино Ҳасанзода ва муъовини ишон Ботур Ашуров назди ҷаноби Ш.Арбобов, корманди шуъбаи мазкур бо номи Ҷамшед Туйғунов телефонҳои мобилии онҳоро гирифтан хостааст, аммо С. Ҳасанзода ӯро ҳушдор дода, ки ин иҷозату ҳақ ҷиҳати гирифтани моликияти шахсӣ дар салоҳияти ӯ нест.
«Вақте дохили утоқи Шуҳрат Арбобов шудем, ӯ бо асабонияти зиёд муъовинамро, ки бояд сӯҳбати моро наворбардорӣ мекард, беруни дар кард», гуфт раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент.
Ин дар ҳолест, Ш.Арбобов, тавре С, Ҳасанзода иқрор кард, рӯзи 18.08.14 дар деҳаи «Деваштич», ҷамоъати «Халифа Ҳасан»-и Панҷакент нафареро бо номи Нуруллоев Ҳабибуллоҳ Гулович бо амалҳои зиддиахлоқӣ боздошт намуда, ҳафтаи гузашта, рӯзи 04.09.14 аз тариқи ТВ-Симо, телевизиони маҳалии Панчакент ӯро ҳамчун узви ҲНИТ муъарифӣ кард, Ҳабибуллоҳи қасидахону ҷодугари маъруферо, ки солҳои зиёд имоми расмии масҷиди деҳаи «Панӣ»-и ҷамоъати «Шинг» буд.
Бародарони наҳзатӣ шахсияти ӯро то ҷое ошкор ҳам карданд, ки қабл аз ҳама ин марди фосиқу ҷодугар дар маҳдудаи ноҳияи Панҷакент яке аз мухолифони сарсахти ҲНИТ будааст. Пас суоле матраҳ мегардад, ки оё истифодаи ҳамин гуна афроди ифлосу ҷиноятпешаанд барои сиёҳ кардани номи ҲНИТ дар дастури мақомот? Чун борҳо ба исбот расонидаем, ки «узви ҲНИТ»-сохтанҳои мақомот ба таври таҳмилӣ сурат мегиранд ва баъди чанде аз ин гуна инсонҳо ному нишоне боқӣ намемонад.
«Сӯҳбати банда бо Ш. Арбобов ба сабаби кам будани фурсат тул накашид, вале чанд суолеро ба ишон матраҳ кардам», гуфт раиси бахши ҲНИТ дар Панҷакент, аз ҷумла: «ҷаноби сардор то ҷое огоҳӣ дорам, вазифаи Шумо мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккил аст, лутфан мегуфтед, ки дар кадом қисмати кирдори Нуруллоев Ҳабибуллоҳ ҷинояти муташаккил дида мешавад?
-Ҷаноби Сино, ман ин ҷо шуморо ҳамчун раиси як ҳизб қабул намудам ва бояд бидонед, ки мо ҳамеша бо тамоми анвоъи ҷиноятҳо мубориза мебарем. Дар айни ҳол, Нуруллоев Ҳабибуллоҳро бо моддаи 320 КҶ ҶТ барои пешниҳоди пора ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷавобгарӣ кашидаем.
-Пас маълум мешавад, ки дар амалҳои зиддиахлоқии Ҳабибуллоҳ Гулович ҷинояте наёфтеду танҳо дар асоси ҷинояти коррупсионӣ парванда боз намудед. Вале лутфан мегуфтед, ки оё раванди дастгиркуниро кормандони Шумо наворбардорӣ карданд?
– Ба ин савол ҷавоби мушаххас дода наметавонам, чунки сирри тафтишот аст.
– Набошад бо чӣ далел ҳизбияти шахси дастгиршударо пурсидед ва узви ҲНИТ буданашгро маълум кардед?
– Мо аз ҳар нафари боздоштшуда баёнот мегирем, аз Нуруллоев Ҳабибуллоҳ низ баёноти хаттиву шифоҳӣ гирифтем, ки наворашро дорем, он ҷо худаш иқрор шуда, ки узви ҲНИТ аст.
– Агар амали зиддиахлоқии ин мардро маълум кардаву наворашро низ ба намоиш гузошта тавониста бошед, чаро шахсияту ҳизбияти фоҳишазанҳоро ошкор кардан намехоҳед? Шояд онҳо узви ҲХДТ бошанд?
– Чи хеле гуфтам, ин корҳои мо махфианд. Вале дониста бошед, ки ман нисбати ҳизби Шумо ягон монеъа эҷод накардам, чунки ҳақ надорам. Мо дар давлати демокративу ҳуқуқбунёд зиндагӣ дорем бародар.
– Хулоса шумо бародар Ш. Арбобов оё танҳо дар асоси сухани боздоштшуда, ин маттаҳами фосидулахлоқро дар ҷаласаи фаъолони шаҳру деҳоти Панҷакент, ҳамчунин аз тариқи телевизиони маҳаллӣ, узви ҲНИТ эълон накардед?
– Бале, дар он ҷаласа пурра шахсияти ӯро баён намудам, аз ҷумла узви ҲНИТ ва имомхатиби масҷиди деҳаи «Панӣ» буданашро низ».
Чунин ранг гирифтааст сӯҳбати масъули ҲНИТ дар Панҷакент бо яке аз мақомдорон дар ВКД, ки гӯё бар зидди ҷиноятҳои мутташакил мубориза мебарад.
Аммо тавре, бародар Сино тазаккур дод, ҷаноби Шӯҳрат Арбобов аз ин “мулло”-и ҷодугару касиф «худиқрорӣ»-ҳеро дарёфт кардааст, ки иҷборианд. Чун вақте бо суоли дигар аз ин мақомдори ВКД рӯзи боздошт ин «мулло»-ро мепурсад, ӯ бо сароҳат гуфта, ки ёд надорад.
Боздоштшуда ҳатто вакили мудофеъ надорад, вале мақоми ВКД гуфта, ки инро аз прокуратура пурсед ва парванда алакай ба суд фиристода шудааст.
Бадии кор дар он аст, ки ин гуна мақомот дидаву дониста, имому имомхатибони расмии зери тобеъияти Кумитаи дин бударо, дар ҳоле ки дар асоси моддаи 5-и Қонуни ҶТ “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияхои динӣ” ҳуқуқи аъзо шудан дар ҳизби сиёсиро надоранд, боз ҳам гаштаву баргашта, фосиқтарини онҳо ва «табибу»-ӯ ҷодугари гузароеро узви ҲНИТ эълон медоранд.
Пас ин ҷо ҳадафи ин гуна доираҳои сиёҳкор ҳам рушан аст.
Хеле зиёд кушиш кардем, ки бо рақами 92.760 39 58, телефони мобайли ҷаноби Шуҳрат Ашуров дар тамос бошему ҷузъиёти дигари масъала ва назари он ҷонибро низ дошта бошем, вале мутаасифона муваффақ нашуд. Ба ҳар ҳол, фикр мекунем, бародар Сино бисёре аз ҷанбаҳои ин гуна фаъолиятҳоро ошкор карда тавонистааст.

More From Author

You May Also Like