(Идома аз шуморахои гузашта)
Баёни он ки кофир гуфтани аҳли қибла ҷоиз нест
Ҳар кӣ шуд бар ту з-аҳли қибла падид,
Ки ба овардаи набӣ гаравид.
Гарчи сад бидъату хатову халал,
Бинӣ ӯро зи рӯи илму амал.
Макун ӯро ба сарзаниш такфир,
Машумор зи аҳли нору саъир1.
В-ар бубинӣ касе зи аҳли салоҳ,
Ки равад роҳи дин сабоҳу2 равоҳ3.
Аз муноҳӣ шавад ба кул(л) як сӯ,
Ба авомир ниҳад ба куллӣ рӯ.
Кунад аз фарзҳову нофилаҳо,
Сӯи уқбо равона қофилаҳо.
Маънии абёт:
Ҳар кас, ки ба тарафи қибла намоз мехонад, агар дидӣ, ки ба Қуръони карим имон дошт, ҳарчанд сад гуна бидъату хато дар гуфтору кирдораш бубинӣ, ӯро ба куфр сарзаниш накун ва аз аҳли дӯзах ҳисоб маёвар. Ҳамчунин, агар касе, ки дорои парҳезгориву тақво аст бубинӣ, ки субҳу шом ба ибодати Худованд машғул аст, аз чизҳое, ки дар дин аз он наҳй шуда, ба куллӣ худро яксӯ карда ва ба тамоми чизҳое, ки дар дин ба он амр шуда, рӯй оварда ва иҷро мекунад, аз ибодатҳои фарзу нафли худ ба ҷаҳони охират қофилаҳо равона кардааст:
Ба яқин зи аҳли ҷаннаташ машмор,
Эмин аз рӯзи охираш магзор.
Магар он кас, каз Расули Худо,
Шуд мубашшир ба ҷаннатулмаъво.
Гарчи даҳ кас бувад ба он машҳур,
Андар он даҳ мадорашон маҳсур.
З-он ки ҷамъе зи Оли поксиришт,
Ҳам башорат расидашон ба биҳишт.
Баёни саволи Накир ва Мункар
Ҳар киро зери хок шуд манзил,
Ду фаришта ба сурате ҳоил.
Пеш оянд зи Эзиди мутаъол,
Имтиҳонро аз ӯ кунанд савол.
Маънии абёт:
Ба таври яқин ӯро аз аҳли биҳишт ба ҳисоб маёвар ва аз рӯзи охири умраш эмин мапиндор. Магар касе, ки аз Расули Худо(с) ба ҷой гирифтан дар биҳишт башорат дода шудааст. Агарчи даҳ кас ба ин башорат машҳуранд, вале ту онҳоро дар ҳамон даҳ тан басанда мадон, зеро гурӯҳе аз Оли покниҳоди Пайғамбар(с) низ ба даромадан дар биҳишт мужда дода шудаанд.
Ҳар кас дар зери хок ҷой гирифт, ду фаришта ба сурати ҳайбатнок аз назди Худованд(ҷ) пеши вай оянд ва аз ӯ бипурсанду имтиҳон кунанд:
Ки Худои туву набии ту кист?
З-он ҳама дин, ки буд дини ту чист?
Гар бигӯяд ҷавобашон ба савоб,
Бираҳад аз ғаму азобу иқоб.
Фусҳати4 қабри ӯ биафзоянд,
Равзане дар биҳишт бикшоянд.
Гардад ӯро аён чӣ субҳу чӣ шом,
Ки куҷо дорад аз биҳишт мақом.
В-ар нагӯяд ҷавобашон дарх(в)ар,
Оташин гурз оядаш бар сар.
Нолаи ӯ ба вақти гурзх(в)арӣ,
Бишнавад ғайри одамиву парӣ.
Одамиву парӣ агар шунаванд,
Ҳама аз хобу хӯр нуфур шаванд.
Маънии абёт:
Ки Худои ту ва пайғамбари ту кист? Ва аз ҳамаи динҳо, ки дар олам ривоҷ дошт, ту бар кадом дин будӣ? Агар барояшон ҷавоби дурусту рост бигӯяд, аз ғаму азоб раҳоӣ пайдо мекунад. Он гоҳ фарохии гӯри ӯро зиёда карда ва аз биҳишт даричае дар қабраш боз кунанд. Субҳу шом барояш намудор кунанд, ки дар кадом ҳиссае аз биҳишт манзил дорад. Агар ҷавоби шоистае барояшон нагӯяд, гурзи оташин бар сараш фуруд ояд. Дар ҳангоми гурз хӯрдан ба ғайр аз одамиёну париён ҳамаи ҳайвонот нолаву шевани ӯро мешунаванд. Агар одамиёну париён нолаашро бишнаванд, ҳамагӣ аз хобу хӯрок нафрат мекунанд.
Тангии гӯраш ончунон фишурад,
Ки ду паҳлӯи ӯ зи ҳам гузарад.
Бикушоянд равзане зи сақар,
Ки дар он бингарад ба шому саҳар.
Ҷои худро бубинад аз дӯзах,
Овах5 аз ҳолате чунин, овах.
Дамидани Исрофил(а) дар сур
Чун шавад навбати ҷаҳон охир,
В-аз қиёмат нишонаҳо зоҳир.
Нашавад ёфт ҳеҷ кас ба ҷаҳон,
К- «Аллаҳ-Аллаҳ» оядаш ба забон.
Мар Сирофилро диҳад дастур,
Ҳақ таъоло, ки дамад дар сур.
З-он дамидан халоиқи олам,
Ҳама миранд чун чароғ аз дам.
Маънии абёт:
Гӯраш он қадар танг мегардад ва ӯро мефишорад, ки паҳлӯҳояш аз ҳам гузар мекунад ва яке ба ҷои дигаре меравад. Равзане аз дузах дар қабраш боз мекунанд,то субҳу шом дар он нигоҳ кунанд ва ҷойгоҳи худро дар дӯзах бубинад. Вой, афсӯс бар чунин ҳолате.
Чун муддат ва умри ҷаҳон ба охир бирасад ва нишонаҳои қиёмат падиду ошкор гардад, чунонки бар рӯи замин худошиносе ёфт нашавад ва касе набошад, ки номи мубораки Аллоҳро ба забон биёварад, дар он ҳангом Худованди таъоло барои Исрофил(а) фармони дамидани сур бидиҳад. Бо дамидани сур мардум монанди чароғе, ки аз дамидан хомӯш мешавад, ҳамагӣ бимиранд.
Умрҳо зери гунбади даввор,
Набуд аз ҷинси одамӣ дайёр6.
Бори дигар зи Ҳақ шавад маъмур,
Ки кунад нафхи сур соҳиби сур.
Дардамад дар қаволибу абдон7,
Ба яке дам задан ҳазорон ҷон.
Гарчи абдон бувад пароканда,
Ҳамчу оташ ба дам шавад зинда.
Баёни номаҳои аъмол
Аз паи нафхи сур навъи башар,
Чун шавад ҳашр карда дар маҳшар.
Сӯяшон баъд аз интизори гарон,
Номаҳои амал кунанд паррон.
Суъадоро8 диҳанд баҳри шараф,
Нома аз сӯи дасти рост ба каф.
Ашқиёро9 саҳифаҳои дурушт,
Аз сӯи чап диҳанд ё паси пушт.
Маънии абёт:
Замоне бирасад, ки зери гунбади осмон аз ҷинси одам ва дигар ҷондорон ҷунбандае набошад. Маротибаи дигар аз тарафи Худованд ба Исрофил(а) амр шавад, то дар сур бидамад. Дар як дамидани сур ҳазорон ҷон дар баданҳои мурдагон дамида мешавад. Агарчи баданҳо пӯсидаву аз ҳам афтода бошанд, монанди оташ, ки ба дамидан равшан мегардад, ба ногаҳон аз дамидани сур зинда гарданд.
Баёни номаҳои аъмол дар саҳрои маҳшар
Чун мардумон дар ҳашргоҳ пас аз дамидан дар сур гирд оварда шаванд, баъд аз интизории бисёр номаҳои кирдорашонро равона кунанд. Номаҳои некбахтонро аз ҷиҳати шарофат аз пеши рӯй ба дасти росташон диҳанд ва аз кофарони бадбахт аз пушти сар ба дасти чап дода мешавад.
Баёни санҷидани номаҳои халоиқ
Вазъи10 мизон кунанд аз паи он,
То бисанҷанд тоату исён.
Он, к-аш афзуд каффаи ҳасанот,
Шод зӣ ӯ, ки шуд зи аҳли наҷот.
В-он, к-аш афзуд паллаи исён,
Хун гирйӣ гӯ, ки монд дар хусрон11.
Баёни Пули Сирот ва убур аз он
Чун зи мизону вазни он бираҳанд,
Бар ҷаҳаннам пуле аҷаб биниҳанд.
Пуле з-он сон, ки аз қадам то фарқ,
Обири12 он бувад дар оташ ғарқ.
Тез чун теғ, балки афзун ҳам,
Арзи он мӯй, балки аз мӯ кам.
Маънии абёт:
Пас аз он, ки мизонро дар саҳрои маҳшар бигзоранд, то гуноҳу тоати бандагонро бо он бисанҷанд, он кас, ки паллаи некӯиҳояш зиёд шуда, бигӯ, ки шод бизӣ, ки аҳли наҷот аст. Ва он кас, ки паллаи гуноҳонаш зиёд шуда, бигӯ, ки хун бигиряд, ки дар зиён аст ва гирифтори азоб мешавад.
Вақте ки аз мизону вазни аъмол наҷот ёфтанд, болои дӯзах пуле аҷиб мегузоранд. Ин пул тавре аст, ки дар ҳангоми гузаштан аз болои он тамоми бадани касе, ки аз он мегузарад, дар оташ ғарқ мебошад. Тезии он монанди теғ, балки аз теғ ҳам тезтар аст, паҳнои он чун мӯй, балки аз мӯй ҳам бориктар аст.
Ҳар кӣ бошад зи мӯъмину кофир,
Бар сари пул кунандашон ҳозир.
Ҳар кӣ кофар бувад чу бинҳад пой,
Қаъри дӯзах шавад мар ӯро ҷой.
Мӯъминонро зи ҳад расад таъйид13,
Лек бар қадри қуввату тавҳид.
Ҳар киро дар тариқати набавӣ,
Худ набудаст ғайри ростравӣ.
Дӯзах аз нури ӯ кунад парҳез,
Бигзарад ҳамчу барқи хотиф14 тез.
Ё чу мурғи парону боди вазон,
Ё чу чизи дигар фурӯтар з-он.
Маънии абёт:
Ҳар кас аз мусалмон ва кофар, ки дар саҳрои маҳшар гирд оянд, ӯро бар сари пул ҳозир оваранд. Касоне, ки ба дунё кофар буданд, чун қадам ба он пул бигзоранд, билағжанд ва дар қаъри дӯзах ҷой гиранд. Мӯъминонро барои гузаштан аз ин пули душвор аз тарафи Худованд ёрӣ мешавад, магар ҳар касро ба андозаи қудрату тавҳид ва имони ӯ. Ҳар кас, ки дар пайравӣ аз шариъати пайғамбари худ ба ғайр аз рафтори рост надошт, оташи дӯзах аз нури ӯ парҳез мекунад ва дур мегардад, то монанди барқ аз Пули Сирот гузар кунад. Касони дигар чун мурғи паранда ва ё боди вазон, ё камтар аз инҳо, монанди давидан, роҳ рафтан ба қадам, то ба хазидан аз пул гузар кунанд. Хулоса, ҳар қадар дар дунё рафторашон ба дини Худо мувофиқ буд, ба ҳамон андоза аз пул ба осонӣ гузар мекунанд ва ҳар қадар аз тариқи шариъат дар дунё каҷравӣ доштанд, ба ҳамон андоза бар пул гузаштанашон душвор мегардад.
В-он ки заъфе бувад дар имонаш,
Набувад з-он гузаштан осонаш.
Балки дар ранҷи он гузаргаҳи танг,
Бошад ӯро ба қадри заъф диранг15.
Лек ёбад халосӣ охири кор,
Гарчи бинад машаққати бисёр.
Баёни мавоқифи (истгоҳҳои) арасот
Панҷ омад мавоқифи арасот,
Ки мутеъон биистанду уссот16.
Карда омода Холиқи довар,
Баҳри ҳар мавқифе саволи дигар.
Ҳар кӣ гӯяд ҷавоби худ ба савоб,
Тайи ҳар мавқифе кунад ба шитоб.
В-арна дар ҳар яке зи сахтии ҳол,
Ранҷ бинад ҳазор солу малол17.
Маънии абёт:
Ҳар кас дар имони ӯ сустӣ вуҷуд дошт, наметавонад ба осонӣ аз пул бигзарад, балки дар ранҷу меҳнат он роҳи тангу душвор ба андозае, ки сустӣ дар имонаш вуҷуд доштааст, ба дарду озор гирифтор бимонад. Агарчи ба машаққати бисёр гирифтор ояд, магар дар охир ба воситаи қуввати тавҳиди худ аз дӯзах наҷот пайдо мекунад ва аз сирот мегузарад.
Дар саҳрои маҳшар панҷ истгоҳ аст, ки дар он ҷо ҳамаи мардум аз мутеъу осӣ бояд истода шаванд. Офаридагори додгар барои ҳар истгоҳе саволу пурсише муҳайё намудааст, ки ҳамагонро мавриди пурсиш қарор медиҳад. Ҳар кӣ ҷавоби пурсиши худро дуруст бигӯяд, аз ҳар истгоҳе башитоб мегузарад. Ва агар ҷавоби саҳеҳ нагӯяд, дар ҳар кадом истгоҳ ба миқдори ҳазор соли дунё ба ранҷу азоб гирифтор бимонад.
Дар хулуди (ҷовидон, ҳамеша) куффор дар оташ ва баромадани уссоти мӯъминин ба шафоъат, ё маҳз ба раҳмати Худованд.
Ҳар кӣ афтад ба дӯзах аз куффор,
Ҷовидон ҷои ӯ бувад дар нор.
В-ар бувад мӯъмине фитода зи роҳ,
Сӯзад он ҷо ба қадри ҷурму гуноҳ.
Ё худ ӯро шафоъати шуфаъо,
Бираҳонад аз он ҷазову сазо.
В-ар даре аз шафеъ накшояд,
Арҳамур-роҳимин18 бубахшояд.
Баёни ҳавзи Кавсар
Чун зи дӯзах кунанд халқ гузар,
Шустушӯ кунанд дар Кавсар.
Дуди дӯзах зи худ фурӯ шӯянд,
Сӯи ҷаннатсарои худ пӯянд.
Маънии абёт:
Ҳар кӣ аз кофарон ба дӯзах афтод, мудом дар оташ ҷой дорад ва аз азоб наҷот пайдо намекунад. Агар мӯъмине бошад, ки ба сабаби гуноҳе сазовори оташи дӯзах шудааст, дар он ҷо ба андозаи гуноҳаш сӯхта ва азоб мебинад, ё ба воситаи шафоъату узрхоҳии шафоъаткунандагон аз он азоб халосӣ пайдо мекунад ва аз дӯзах берун мешавад. Ва агар шафоъати касе ба вай нарасад, Худованд, ки бахшандатарини бахшояндагон аст, ба раҳмати Худ ӯро аз азоб халосӣ медиҳад ва аз дӯзах берун меоварад.
Баёни ҳавзи Кавсар
Чун мардум аз дӯзах бароянд, баданҳои сӯхтаи худро дар Кавсар бишӯянд. Пайкарҳои худро аз дуди дӯзах пок сохта ба тарафи сарое, ки дар биҳишт доранд, равона шаванд.
Дар баёни дараҷоти биҳишт ва дидори Ҳақ субҳонаҳу таъоло
Дараҷоти биҳишт бошад ҳашт,
Ки ба қавли сиқот собит гашт.
Гар касеро ба қадри илму амал,
Диҳад он ҷо Худо мақому маҳал.
Ҷовидон дар мақоми худ бошад,
Ҳаргизаш дил зи ғусса нахрошад.
Неъмати ӯ бурун бувад зи шумор,
Бартар аз ҷумла неъмати дидор.
Ки бубинад Худойро ба басар,
Чун шаби чордаҳ маҳи анвар.
Ҳаст дидори Ҳақ аҷали19 ниъам20,
Ва биҳи интиҳал калому ва там.
Шарҳи абёт:
Дараҷоту мартабаҳои биҳишт, ки ба гуфтаи донишмандони мавриди эътимод собит гардидааст, ҳашт мартаба мебошад, ки Худованд (ҷ.ҷ) ҳар як аз мӯъминонро ба андозаи дониш ва кирдораш мақому манзалате дар он ҷо мебахшад. Касе, ки аҳли биҳишт аст, дар манзили биҳиштии худ пайваста ҷовидон ҳаст, ҳеҷ гуна ғаму ранҷе хотири ӯро харош надодаву дарднок намекунад. Неъматҳое, ки ба шахси биҳиштӣ мерасад, аз шумора берун аст ва аз он чи мо фикр мекунем, болотар аст ва болотарини неъматҳо дидори Худованд (ҷ.ҷ.) аст, ки Офаридгори ҷаҳонро монанди ин ки моҳи шаби чаҳордаҳро ба чашми сари худ равшану ошкор мебинад, дидор кунад. Дидори Худованд(ҷ.ҷ.) бузургтарин неъмат ба шумор меояд ва ба зикри ҳамин неъмати бузург сухан дар ин рисола ба ниҳоят мерасад ва тамом мегардад.
Таҳияи Саидмурод Шарифов
Шарҳи луғот:
1.Саъир – оташи сӯзон, 2.Сабоҳ – субҳ, бомдод, 3.Равоҳ – шабонгоҳ, 4.Фусҳат – кушодагӣ, фарохӣ, 5.Овах – вой, афсӯс
6.Дайёр – ҷунбанда, 7.Абдон – ҷамъи бадан
8.Суъадо – ҷамъи саъид, некбахтон,9.Ашқиё – бадбахтон,10.Вазъ – ниҳодан, тарз, равиш
11.Хусрон – зиён,12.Обир – гузаркунанда,13.Таъйид – қувват додан,14.Хотиф – рабоянда, барқи хотиф, барқе, ки чашмҳоро хира кунад,15.Диранг – истодан,мондан
16.Уссот – ҷамъи осӣ, гунаҳгорон
17.Малол – ғаму андӯҳ
18.Арҳамур-роҳимин – бахшандатарини бахшандагон,19.Аҷал – бузургтар, беҳтар
20.Ниъам – неъматҳо
21.Ва биҳи интиҳал – калому ва там – ба ҳамин ҷо сухан ба охир расид ва тамом шуд.