Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ҳар сол ба беҳтарин акси гирифта шуда тавассути ҳоҷиён дар айёми Ҳаҷ ҷоиза медиҳад.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарӣ, аксе, ки имсол барандаи ҷоизаи Вазорати Ҳаҷи Арабистон шуд, нишон медиҳад, ки яке аз ҳоҷиҳо дар ҳоли партоби кардани фарзанди худ ба ҳаво ва бозӣ кардан бо вай аст.
Аккоси ин акс Муҳсин Солим буда ва акси худро “Шодии ҳоҷӣ” номидааст. Ин аккос дар маросиме ҷоизаи худро аз дасти вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ дарёфт кард.