Categories Uncategorized

Бе Урдуғон музокирот нашуд

Абдулганӣ Абдулваҳҳоб

nahzat.tj

Музокироти чорҷонибаи барои ҳалли бӯҳрони Сурия, ки ин ҳафта дар Амрико баргузор мешуд, бекор гардид.

Дар ин бора сухангӯйи раёсати Ҷумҳурии Миср Ёсир Алӣ ба нашрияи “ал-Мисрӣ ал- явм” хабар дода, гуфтааст: “Қарор буд ҷаласаи чорҷониба байни қудратҳои минтақа (Миср, Туркия, А. Саудӣ ва Эрон) баргузор шавад. Аммо ба хотири  ҳозир нашудани нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон дар Маҷмааи умумии СММ ин ҷаласа барпо нагардид”.

Ин дар ҳолест, ки дар нишасти қаблӣ дар шаҳри Қоҳира намояндаи Арабистони Саудӣ  ҳозир нашуда буд.

More From Author

You May Also Like